Вазорати дифои Афғонистон забти вулусволии Алмори Форёбро рад кард
ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба дунболи нашри гузоришҳо, ки гӯё «Толибон» вулусволии Алмори вилояти Форёбро забт намудаанд, вазоратҳои мудофиа ва дохилаи Афғонистон ин хабарро рад карданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.
Фавод Амон, муовини сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон, рӯзи панҷшанбе (11 март) бо ирсоли паёме ба расонаҳо гуфт, ки аксари минтақаҳои вулусволии Алмор аз «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пок шудаанд ва ба ҷангиёни он гурӯҳ талафоти сангин ворид шудааст.
Ҷаноби Амон гуфт: «Яке аз посгоҳҳое, ки дар муҳосираи душман қарор дошт, озод карда шуд ва ҳоло вулусволӣ зери назорати неруҳои низомӣ ва полис қарор дорад».
Посгоҳи мазкур дар ноҳияи Алмори Форёб даҳ рӯз боз дар муҳосираи «Толибон» қарор дошт.
Ҳамчунон Вазорати мудофиаи Афғонистон бо нашри изҳороте гуфтааст, ки дар давоми 24 соати охир, дар натиҷаи амалиёти артиши Афғонистон дар ноҳияи Алмори вилояти Форёб 36 ҷангҷӯи гурӯҳи «Толибон» кушта ва 27 нафари дигар захмӣ шуданд.
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Ториқ Орин низ забти ноҳияи Алмори Форёбро рад кард ва гуфт, ки низомиёни афғон дар он вулусволӣ ҳузури фаъол доранд.
Вулусволиии Алмори вилояти Форёб аз маркази вилоят тақрибан 25 км дур ва яке аз ноамнтарин минтақаҳо ба шумор меравад.








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






