Завқӣ Завқизода ва Шералӣ Кабир бо Нисор Аҳмад мулоқоти судманд анҷом дода, хостори тавсеаи ҳамкорӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завкӣ Завқизода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нисор Аҳмад Урёнӣ мулоқот намуданд, ки дар он густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвари ҳамҷавор баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусоҳибон ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ба таври назаррас густариш ёфта истодаанд.
Дар доираи натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Ашраф Ғанӣ, ки 29 марти соли равон баргузор гардид, ҷонибҳо ҷиҳати рушди гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла афзоиши содироти семент ба Афғонистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорони Афғонистон ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба мувофиқа расиданд.
Вазирони ду ҳамсоядавлат омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд ва имконоти мавҷуда изҳор намуданд.








Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид






