Агентии назорати маводи нашъаовар барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ бо САҲА нақшаи муштарак ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзорасии «Нақшаи чорабиниҳои муштараки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» баргузор гардид. Нақшаи мазкурро Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва муовини роҳбари Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе, хонум Теа Ҷалиашвили ба имзо расониданд.
Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нақшаи мазкур аз омӯзиш ва тайёр намудани тренерҳои касбӣ аз ҳисоби кормандони ҷавони Агентӣ дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, баргузории чорабиниҳои зиддинашъамандӣ барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ, видеороликҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, тарҷума ва нашри «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва дастгирии молиявии якчанд масъалаҳои мубрам иборат мебошад.
Хонум Теа Ҷалиашвили ба фаъолияти муштараки Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе баҳои баланд дод.
Ҷонибҳо амалишавии нақшаи мазкурро ба манфиат шуморида, иброз доштанд, ки татбиқи он ҳарчи зудтар ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин дар хотимаи мулоқот тарафҳо оид ба густариши ҳамкории дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори умед карданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






