Ҷаласаи Шӯрои доимии СААД таҳти раёсати Намояндаи доимии Тоҷикистон баргузор шуд

Апрель 20, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Султонов 19 апрел ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо иштироки Дабири кулли СААД Станислав Зас дар шакли конфронси видеоӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии СААД.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷаласаҳои қарибулвуқӯи мақомоти оинномавии Созмон дар моҳҳои апрел-май Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви СААД оид ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 баррасӣ ва мувофиқа карда шуд.

Инчунин лоиҳаи Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ба  иқдомоти муштараки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви СААД дар мавриди тезонидани корҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дахл дорад, мувофиқа карда шуд.

Шӯрои доимӣ тасмим гирифт, ки асноди мазкур бо тартиби муқарраршуда барои баррасӣ ба ҷаласаҳои ояндаи мақомоти оинномавии СААД ирсол карда шаванд.

Ҳамчунон якчанд изҳорот ва асноди муҳими сиёсӣ баррасӣ шуданд, ки кор болои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯрои доимии СААД идома хоҳад ёфт.

АКС: СААД

Апрель 20, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад