Ҷамолиддин Пӯлодов: Доштани рӯза барои саломатӣ то ҷое фоидаовар аст, вале ба баъзе беморон тавсия дода намешавад

Апрель 13, 2021 14:28

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 апрел  дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон  фаро расид. Рамазон моҳи пурфайзу баракат буда, ҳар шахс бояд барои покии ҷисму рӯҳ саъю талош намояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз доштаанд: «Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад».

Доир ба доштани рӯза ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи  гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми тиб  Ҷамолиддин Пӯлодов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «доштани рӯза барои саломатӣ то ҷое фоидаовар буда, дар ботини инсон эҳсоси меҳрубониро бедор менамояд. Ҳангоми гирифтани рӯза бояд инсон солим бошад. Вале барои беморони гирифтори захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреатити музмин, диабети қанд, сиррози ҷигар рӯзадорӣ тавсия дода намешавад. Зеро фасли баҳор мавсими хурӯҷи беморӣ буда, гирифторони ин беморӣ   бояд ҳамарӯза мувофиқи  реҷаи навиштаи духтурон дору истеъмол кунанд».

Ба андешаи мутахассисон, ҳангоми  рӯзадории беморони   захми меъдаву рӯда дар меъдаи  онҳо  туршии шира  баланд  мешавад ва ҳангоми  аз ғизо холӣ шудани  меъда  туршӣ  девораҳои онро захмгин  намуда, сабаби кафидани захм ва ба дигар  узвҳо гузаштани он мегардад. Нафароне, ки гирифтори бемории  диабети қанд ҳастанд, онҳо  ҳамарӯза доруҳое қабул мекунанд, ки  қандро паст  мекунад. Аз ин рӯ онҳо набояд рӯза доранд.

Занҳое, ки ҳомиладор ҳастанд  ва кӯдакони ширмак доранд, аз доштани рӯза бояд худдорӣ намоянд.

«Доштани рӯза  ба  баъзе намуди бемориҳо фоида дорад.  Барои шахсоне, ки  миқдори холестерини  хунашон  баланд аст, гирифтани рӯза хуб аст, чунки  онҳо  маводи ғизоӣ камтар истифода мекунанд ва ин сабаби паст шудани миқдори  равғанҳо дар хун мешавад. Дар ҷомеаи имрӯза нафарони дорои вазни зиёдатӣ, яъне фарбеҳ зиёд ба назар мерасанд. Табобати фарбеҳӣ низ хӯрдани хӯроки кам ва солим мебошад. Аз ин рӯ хуб мешавад, ки нафарони дорои  чунин беморӣ бо тавсияи духтурон  рӯза доранд»,- гуфт Ҷамолиддин Пӯлодов.

Ба зикри мавсуф,  дар моҳи шарифи Рамазон  рӯзадорон  бояд ғизои сервитамин  ва солим  истеъмол намоянд. Дар ин моҳ  истеъмоли  зиёди об аз 1,5 то 2 литр хеле муҳим буда, набояд организм бе об монад. Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми саҳархӯрӣ ва рӯзакушоӣ аз чой, афшураи мева ва оби ҷӯшомада васеъ истифода бояд намуд. Ҳангоми нӯшидани шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он диққат дод, то он набояд зиёд  хунук бошад. Зеро хунукии зиёд низ метавонад ба меъдаи шахси рӯзадор зарар  расонад.

Дар оятҳои 183 ва 184 — уми сураи Бақара таъкид  гардидааст, ки Худованд  моҳи Рамазонро барои  мусулмонон фарз гардонид. Риоя намудани он барои шахсоне фарз ва воҷиб аст, ки онҳо аз нигоҳи ҷисмонию рӯҳонӣ  ва саломатӣ  барои  риоя кардани он ҳуқуқ доранд. Шахсе, ки   бемор  ё нотавон аст,  аз доштани  рӯзаи моҳи шарифи Рамазон  озод  аст. Чунин нафарон  метавонанд рӯзаи худро дар вақти дигар,  ҳангоме ки  саломатияшон  барқарор шуд ё тавону қудрати риоя намудани он барояшон  муяссар  гардид,   ба ҷо оранд.

Инчунин ба зикри Пешвои миллат, «дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, барои онҳо рӯзадорӣ боиси душвориву машаққат мегардад. Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд».

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз манбаъҳои боз

Апрель 13, 2021 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад»
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода мешавад
Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ саҳми бузург гузошт
Дар ташаккули шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров модари ӯ -шоираи номдор Розияи Озод нақши ҳалкунанда бозид
Пешвои миллат: «Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст»
Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Сарвари давлат: «Имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастаҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем»
Президенти Тоҷикистон: «Обанборҳои Тоҷикистон барои таъмини мунтазами давлатҳои минтақа бо оби корезӣ хизмат менамоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад»
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар шаҳри Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам месозад
МО ВА ТАЪРИХИ МО. Давлати Сомониён чун намунаи ниҳоят назарраси давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст