«АНДАЛЕБ 2021». Санъатдӯстони ноҳияи Муъминобод ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Апрель 26, 2021 16:28

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021»  баргузор гардид.

Тавре мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовар Диловар ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод,  фестивал-озмуни мазкур бо иштироки ҳайати доварон зери роҳбарии сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловиддин Абдуллозода гузаронида шуд. Тибқи талаботи фестивал-озмун, ҳайати доварон ба ҳунарҳои санъатдӯстони ноҳияи Муъминобод 135 хол баҳогузорӣ намуданд ва ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аз моҳи март то нимаи якуми моҳи август бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» ҷараён дорад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он бояд тамоми муассисаву ташкилот, идораву корхонаҳо, инчунин ашхоси алоҳида саҳм гузоранд.

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод

Апрель 26, 2021 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд