«АНДАЛЕБ 2021». Санъатдӯстони ноҳияи Муъминобод ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» баргузор гардид.
Тавре мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовар Диловар ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, фестивал-озмуни мазкур бо иштироки ҳайати доварон зери роҳбарии сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловиддин Абдуллозода гузаронида шуд. Тибқи талаботи фестивал-озмун, ҳайати доварон ба ҳунарҳои санъатдӯстони ноҳияи Муъминобод 135 хол баҳогузорӣ намуданд ва ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аз моҳи март то нимаи якуми моҳи август бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» ҷараён дорад.
Ҳадаф аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он бояд тамоми муассисаву ташкилот, идораву корхонаҳо, инчунин ашхоси алоҳида саҳм гузоранд.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






