Ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои пойтахт барномаҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд

Апрель 27, 2021 13:51

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо  ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт силсилабарномаҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд.

Тавре муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барномаҳои мазкур баҳри фароғати сокинону меҳмонони пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- шаҳри Душанбеи ташкил шуда, мақсад аз баргузории онҳо дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон мебошад.

Тибқи тақвими барномаҳои фарҳангӣ оид ба боғҳои фарҳангиву фароғатии  шаҳри Душанбе 1 май Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Боғи Абулқосим Фирдавсӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар Боғи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар майдончаи фарҳангу фароғатӣ дар кӯчаи Сино, бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар Боғи «Куруши Кабир» барномаи фарҳангии хешро манзури сокинону меҳмонон мегардонанд.

2 май, рӯзи якшанбе бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар Боғи Абулқосим Фирдавсӣ, бахши фарҳанги ноҳияи Сино ва Муассисаи давлатии «Ансамбли  тарона ва рақси «Сомон»» дар Кӯли ҷавонон, бахши фарҳанги ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати фарҳанги шаҳр Душанбе дар назди Шаршараи «Наврӯзгоҳ» ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Боғи Садриддин Айнӣ барномаҳои фарҳангии худро доир менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки барномаҳои фарҳангӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 18:00 то 19:00 доир мегарданд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2021 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид