Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё-Океания муайян шуданд

Апрель 6, 2021 08:29

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Бишкеки  Ҷумҳурии Қирғизистон маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-Океания баргузор шуд, ки дар натиҷаи он рақибони варзишгарони  тоҷик муайян шуданд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг) бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашид.

Натиҷаи қуръакашӣ:

-48кг. Даври 1. Ка Ки Вонг (Гонконг, Чин) – Шукрона Карчиева (Тоҷикистон)

-52кг. Даври 1. Гулбодом Бобомуродова (Туркманистон) – Аҳлия Мӯъминова (Тоҷикистон)

-52кг. Даври 1. Тинка Истон (Австралия) — Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)

-73кг. Даври 1. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон) — Айяш Ахмед (Яман)

-81кг. Даври 2. Акмал Муродов (Тоҷикистон) – Халил Ребаҳи (Қатар)

-81кг. Даври 2. Мун Ҷин ЛИ (Кореяи Ҷанубӣ) – Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)

-90кг. Даври 1. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон) – Шатлик Тораев (Туркманистон)

-90кг. Даври 1. Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) – Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)

-100кг. Даври 1. Кайхан Озчичека-Такаги (Австралия) – Мансур Раҳмон (Тоҷикистон)

+100кг. Даври 1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – Карам Бир Карам бир (Ҳиндустон)

+100кг. Даври 1. Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) – Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон)

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Бишкеки  Ҷумҳурии Қирғизистон   Чемпионати Осиё-Уқёнусия  оғоз мешавад, ки дар он   12 нафар варзишгарони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (9 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд.

Ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар Чемпионати Осиё-Океания 2021:

Вазн:          Иштирокчӣ:
-48кг            Шукрона Карчиева
-52кг            Аҳлия Мӯъминова
-52 кг           Фазилат Гулбоева
-60 кг           Шаҳбоз Саидабуроров
-73 кг            Сомон Маҳмадбеков
-81кг             Акмал Муродов
-81кг             Ҳақназар Назаров
-90 кг           Комроншоҳ Устопириён
-90 кг           Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг          Мансур Раҳмон
+100 кг        Темур Раҳимов
+100кг         Хуршед Маҷидов

Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг;    Мардон: -60, -66 кг

Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг;   Мардон: -73, -81 кг

Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг;   Мардон: -90, -100, +100 кг

Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)

Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.

Апрель 6, 2021 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд