Бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 27 апрел дар маркази асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Рашту Данғара бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва шаҳрвандони то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.
Барои бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зерин: ариза ба номи директори Марказ, шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД бо нусхааш, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот, маълумотнома аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан, маълумотнома аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан, маълумотнома аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан, аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он, диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо, диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо талаб карда мешавад.
Даври аввали озмун барои дохилшавӣ ба донишкадаи мазкур 30 апрел дар шаҳри Душанбе дар шакли тест (аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешавад. Дар бораи макони баргузории тест ба ҳар яке аз довталабони номнависшуда тавассути телефон хабар дода хоҳад шуд.
Дар даври дигари озмун, ки ба он танҳо довталабони аз тест холҳои баландтаринро соҳибшуда роҳ дода мешаванд, як имтиҳони дигар дар шакли диктант ба забонҳои русӣ ва англисӣ доир мегардад, зеро барои таҳсил дар донишкадаи мазкур донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмист.
Барои дохил шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва 5 бурсияи (квотаи) таҳсилӣ ҷудо шудааст.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67 бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамос гиред.








Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ






