Ба беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён таҷҳизоти нави тиббӣ дастрас гардид

Апрель 20, 2021 10:09

БОХТАР, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён шароити ташхис ва табобати беморон беҳтар ва инчунин сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ баланд гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

19 апрел ба муассисаи тиббӣ 26 номгӯй таҷҳизоти нави муосири тиббӣ ва 145 бастаи лавозимоти гуногуни тиббӣ таҳвил дода шуд.

Таҷҳизот ва лавозимот аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил ёфт.

Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумон зикр намуданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ ва Ҳукумати кишвар қарор дорад ва мутобиқи талаботи муосир фароҳам овардани шароит дар муассисаҳои тиббӣ самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.

АКСҲО: Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Апрель 20, 2021 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»