Ба Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» якчанд намуд мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас гардид

Апрель 15, 2021 08:32

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси ҷадвали тақсимоти таҷҳизоти ёрирасон барои гузаронидани ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19 бо усули таҷзияи занҷираи полимеразӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» якчанд намуд мавод ва таҷҳизоти  тиббӣ дастрас карда шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мавод ва таҷҳизоти тиббӣ аз бокси бехатарии микробиологии БМБ-II-А2 Biobase BSC-1300II А2-Х барои минтақаи «Қабул ва тақсимоти минтақаҳо», маҷмӯи филтрҳои эҳтиётӣ НЕРА барои БМБ, бокси бехатарии микробиологии БМБ-II-А2 Biobase BSC-1300II А2-Х барои минтақаи «Ҷудокунии намунаҳо», маҷмӯи филтрҳои эҳтиётӣ НЕРА  барои БАВ ПЦР, сумка-яхдон Biodase LCX-12L дар маҷмӯъ бо элементҳои хунуккунанда, ресиркулятори зидди бактериявии PERLONG, яхдон-70C-86C Binder UF V700  барои нигоҳдории намунаҳои мусбат, яхдон 20С Biodase BDF-25V268 барои минтақаи микс ва ғайра иборат мебошанд.

Фаъолияти хубу босамари Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ», ки дорои тамоми дастгоҳҳои муосир ва шароити ташхисӣ мебошад, барои ташхиси саривақтӣ ва  табобати дурусту босифат мусоидат менамояд.

Ҳоло дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда,  таҷҳизоти муосири он имконият медиҳанд, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд. Вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат  мебошад.

        Аксҳо аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Апрель 15, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид