Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шӯъбаи тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҷониби USAID таҷҳизоти техникӣ супорида шуд

Апрель 28, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 28.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил ва пешрафти талошҳои муштараки дуҷониба бо мақсади барҳам додани бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи “Лоиҳа оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ” ҷиҳати дарёфти ҳолатҳои бемории сил ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷҳизоти техникӣ супорид.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти мазкур аз телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва планшетҳо барои зуд дарёфт ва табобат кардани ҳолатҳои бемории сил, дастгоҳ барои гузаронидани видео-конфронсҳо ва таҷҳизот барои назорати микроиқлим иборат буда, аз ҷониби кормандони саҳроӣ ва ҳайати кормандони шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ истифода бурда мешаванд. Ин таҷҳизот дарёфти ҳолатҳои бемории силро беҳтар намуда, риояи реҷаи табобатро тақвият мебахшад ва донишу малакаи кормандони тиб дар соҳаи мубориза бо силро вусъат хоҳад дод. Он махсусан барои кормандони тиббии ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ хеле муфид мебошад. Таҷҳизот барои видео-конфронсҳо ҷиҳати омӯзонидани ҳайати силшиносони муассисаҳои ислоҳотӣ, инчунин барои таъмини дастрасӣ ба видео-конфронсҳо бо силшиносони дигар ҷиҳати арзёбии беморон ва таъини реҷаи табобат ҳангоми дар маҳбас будани онҳо истифода бурда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 30 кишваре қарор дорад, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун дорои ҳолатҳои вазнини бемории сили ба доруворӣ устувор ва бемории сили ба дорувориҳои сершумор устувор муайян гардидааст. Дар Тоҷикистон 7700 ҳолати бемории сил тахмин шудааст, ки дар натиҷа солона тақрибан ҳолатҳо фавт ба 730 адад рост меояд.

Директори намояндагии USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кит Симмонс дар ин маросим иброз намуд, ки кумак ва ҳамкории мо кафолат медиҳад, мардум табобати дурустро дар вақти муносиб бигиранд. «USAID тақвияти соҳаи тандурустиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд ва мо якҷоя ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард», — илова намуд ӯ.

Бо талошҳои муштараки Ҳукумати ИМА, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани сатҳи беморӣ ва фавт аз бемории сил ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. USAID тавассути тақвият баҳшидани иқтидори миллӣ ва минтақавӣ дар коҳиш додани вазнинии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ҷиҳати беҳтар намудани дарёфт ва табобати бемории сили ба дорувориҳои сершумор устувор фаъолият пеш мебарад.

Апрель 28, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»