Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» шаҳри Душанбе ғолиби ҷои аввал гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрели соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Дар он шаҳри Душанбе ғолиби ҷои аввал дониста шуда, ҷойи дуюм насиби вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшон гардид ва ҷои сеюмро шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Сангвор сазовор гардиданд. Ғолибони озмун ва иштирокдорон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ ва намояндагони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки мусаллам аст, тоҷикон аз замонҳои дуртарини таърих ба эҷоди арзишҳои олии фарҳангӣ муваффақ шуда, дар саросари ҷаҳон ба унвони қавми тамаддунофар шуҳрат касб кардаанд. То кунун беҳтарин суннатҳо ва анъанаву оинҳои миллиро маҳфуз нигоҳ дошта шгудаанд, ки миллати моро ҳамчун миллати соҳиби маданияти қадима ва дорои олитарин арзишҳои фикриву фарҳангӣ дар ҷаҳон мешиносанд.
М. Сатториён афзуд, ки «саодати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизи мост, ки имрӯз дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, эҳёи ин арзишҳои фарҳангӣ, дастовардҳои маънавӣ, расму оинҳои миллӣ, анъанаву суннатҳо аз сар гирифта шуда, ҳамасола барои таблиғи онҳо ва ба ҳаёти фарҳангӣ ворид сохтани падидаҳои миллӣ, тамошои муваффақона роҳандозӣ мешавад. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» яке аз ҳамин гуна иқдомҳост ва тӯли чанд сол аст, ки мо бо доир намудани ин озмун ба тарғибу ҳифзу нигаҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрок ва таомҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ иқдом менамоем. Боварӣ дорам, ки имрӯз беҳтарин ва нодиртарин суннатҳои фарҳангӣ-миллии мо дар муносибат ба кадбонугӣ, дастархонороӣ ва маърифати хонадорӣ дубора эҳё гардида, беҳтаринҳо дар даври ҷумҳуриявӣ бо нишон додани ҳунари волои худ соҳиби ҷоизаҳои сазовори ин озмун гардиданд».
Мавриди зикр аст, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла зимни пухту пази якчанд навъ таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони тамоми ҷумҳрӣ аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
Тавре дар боло зикр гардид, ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд




















ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






