Дар Душанбе ҷаласаи 52-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ баргузор шуд

Апрель 14, 2021 11:40

ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи 52-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар  Душанбе баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар кори ҷаласа намояндагон аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Арманистон ва Беларус иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Вазири мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо чунин гуфт:

«Мояи сарфарозист, ки ҷаласаи 52-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Давлатҳои мустақил дар соле гузаронида мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳамчунин раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ-Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  (СААД) ба уҳда дорад».

Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки низоми мудофиаи ҳавоӣ дар ҳамкории кишварҳои узви ИДМ мавқеи муҳим ишғол мекунад.

Бино ба суханони Вазири мудофиаи ҶТ, ин самт  дар бахши ҳамкориҳои низомӣ  аз ҳама муҳим аст. Дар тӯли 25 сол корҳои зиёде анҷом дода шудаанд ва системаи муттаҳида намунаи равшани ҳамкории хубу ҳамоҳангшуда мебошад

«Дар баробари ин ман ҳамчун аъзои Шӯрои вазирони Иттиҳоди Давлатҳои мустақил бо боварӣ гуфта метавонам, ки минбаъд низ дар роҳи мудофиаи зиддиҳавоӣ миёни давлатҳои ИДМ ҳамкорӣ боз ҳам пурзӯр карда мешавад»,-тазаккур дод Шералӣ Мирзо.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки низоми муттаҳидаи Мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар асоси Созишномаи даҳ давлати иттиҳод аз 10 феврали соли 1995 дар Алмаато  ба имзо расидааст. Аз ҳамон сол инҷониб 15 машқи муштараки қувваҳои муттаҳида, инчунин 27 машқи фармондеҳӣ-штабӣ бо иштироки низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ ва неруҳои авиатсионӣ баргузор карда мешаванд, ки дар ҷараёни онҳо афсарони навбатдори мудофиаи  неруҳои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ тафтиш карда мешаванд. Дар охири ҷаласаи 52-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ба ифтихори 25-солагии низоми муттаҳидаи Мудофиаи зиддиҳавоӣ ба намояндагони давлатҳои иштирокдори ИДМ медал ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Апрель 14, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд