Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон бо гурӯҳи сармоягузорони Россия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории дуҷониба барои ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода бо гурӯҳи намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии корпоратсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисоди хориҷии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабабр доданд, дар мулоқот зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя фазои якхеларо барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ фароҳам овардааст ва дар ин самт имтиёзу ҳавасмандгардониҳои зиёд низ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин ба соҳибкорони русиягӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар кишвар, аз ҷумла сайёҳии зимистона, лижатозию солимгардонӣ, экологию табобатӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот дода шуд.
Ёдрас мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 18 апрели соли ҷорӣ намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии корпоратсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисоди хориҷии Федератсияи Россия бо мақсади шиносоӣ ва сармоягузорӣ намудан ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда, бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода истодаанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






