Дар Душанбе масъалаи вусъат бахшидани ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуд

Апрель 12, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе оид ба  масъалаи вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Франсия дар соҳаҳои иқтисод, молия, андозбандӣ, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ин масоил зимни мулоқоти Вазири молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва  Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ хусусан ба ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ аҳамияти махсус зоҳир карда шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои дорои афзалият изҳор намуданд.

Апрель 12, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад