Дар Душанбе оид ба ҳифзу тарғиби арзишҳо ва дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ мулоқот сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону шогирдон баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби арзишҳо ва дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ сурат гирифт.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо ёдоварӣ аз Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарра ҷалб намуда, иброз дошт, ки имрӯз мамлакати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаааст.
Мавсуф иброз намуд, ки “мардуми мамлакат дар арафаи таҷлили 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин рӯ, мо, сокинони пойтахтро зарур аст, ки чун ҷузъи ҷудонопазири халқи шарафманди тоҷик ин санаи муҳимро бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромиву осудагии мамлакат пешвоз бигирем”.
Ҳамчунин дар мулоқот дигар аъзои гурӯҳи таблиғотӣ низ ба сухан баромада, аз хусуси масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим, тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, ободониву сабзгардонӣ, бунёди биноҳои муҳташам ва муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои зиёди саноатӣ, роҳу ҷодаҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналхалқӣ дар чаҳор навоҳии пойтахт ва дигар дастовардҳои солҳои охир дар шаҳри Душанбе ва мамлакат, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа сухан гуфтанд.
АКСҲО: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






