Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба мушкилоти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ машварати илмӣ доир шуд

Апрель 24, 2021 09:23

ВАҲДАТ, 24.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо ташаббуси кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат  дар мавзӯи «Муаммоҳои татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.  Дар  ин бора муовини  директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи омор Раҳматулло Давлатов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар он устодони муассиса дар мавзӯъҳои «Муаммоҳои асосии татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои касбӣ», «Нақш ва мавқеи истифодаи замимаҳои мобилӣ дар раванди таълим» ва  «Ҷанги иттилоотӣ ва таъсири он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ» маърӯзаҳо намуданд.

Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Меҳроб Ҳайдарзода зикр намуд, ки ­«дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ, ҳамзамон омӯзиши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ муҳим арзёбӣ гардид. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба омӯзиш ва самаранок истифода намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бори дигар далолат аз он менамояд, ки ҷомеаи мо айни замон ба истифодаи оқилонаи он ниёз дорад. Илм борҳо исбот намудааст, ки самаранок истифода бурдани ин дастоварди бузурги асри XX  дар мавриди татбиқи дурусти он дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва амсоли инҳо метавонад мутахассисони ояндаи касбиро ба истифодаи дурусти илм дар истеҳсолот равона созад. Аз ин рӯ дар дилхоҳ маврид ҳангоми ҷалб намудани мутахассиси оянда моро мебояд аз муассисаи таълимӣ оғоз намуда, муҳимият ва зарурати истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар соҳаи касбӣ ба донишҷӯён расонем».

Зимни машварати илмӣ зикр шуд, ки ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ, хусусан технологияҳои чандрасонаӣ дар раванди таълим яке аз роҳҳои беҳтарини сарфанамоии вақт ва неруи омӯзгор, ҳавасмандгардонии донишҷӯ нисбат ба омӯзиш, мутобиқшавӣ ба муҳити маҷозии таълим, болобарии самаранокию сифати таҳсилот ва дигар омилҳои таълимӣ мебошад.

Апрель 24, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд