Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба мушкилоти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ машварати илмӣ доир шуд
ВАҲДАТ, 24.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо ташаббуси кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мавзӯи «Муаммоҳои татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи омор Раҳматулло Давлатов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар он устодони муассиса дар мавзӯъҳои «Муаммоҳои асосии татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои касбӣ», «Нақш ва мавқеи истифодаи замимаҳои мобилӣ дар раванди таълим» ва «Ҷанги иттилоотӣ ва таъсири он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ» маърӯзаҳо намуданд.
Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Меҳроб Ҳайдарзода зикр намуд, ки «дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ, ҳамзамон омӯзиши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ муҳим арзёбӣ гардид. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба омӯзиш ва самаранок истифода намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бори дигар далолат аз он менамояд, ки ҷомеаи мо айни замон ба истифодаи оқилонаи он ниёз дорад. Илм борҳо исбот намудааст, ки самаранок истифода бурдани ин дастоварди бузурги асри XX дар мавриди татбиқи дурусти он дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва амсоли инҳо метавонад мутахассисони ояндаи касбиро ба истифодаи дурусти илм дар истеҳсолот равона созад. Аз ин рӯ дар дилхоҳ маврид ҳангоми ҷалб намудани мутахассиси оянда моро мебояд аз муассисаи таълимӣ оғоз намуда, муҳимият ва зарурати истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар соҳаи касбӣ ба донишҷӯён расонем».
Зимни машварати илмӣ зикр шуд, ки ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ, хусусан технологияҳои чандрасонаӣ дар раванди таълим яке аз роҳҳои беҳтарини сарфанамоии вақт ва неруи омӯзгор, ҳавасмандгардонии донишҷӯ нисбат ба омӯзиш, мутобиқшавӣ ба муҳити маҷозии таълим, болобарии самаранокию сифати таҳсилот ва дигар омилҳои таълимӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






