Дар Конибодом ва Мастчоҳ хонандагон соҳиби ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият – шиноснома гардиданд

Апрель 5, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Гурӯҳи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом 25 нафар хонандагони синфҳои болоии МТМУ №37-и ҷамоати Ғафурҷон Ортиқовро дар маросими тантанавӣ бо шиноснома таъмин намуд. Иқдоми мазкур баҳри сари вақт таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият-шиноснома равона гардидааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар шаҳри Конибодом дар партави супориши роҳбарияти ВКД давоми се моҳи имсол ба 851 нафар бори аввал шиноснома додаанд, ки аксарияти онҳо наврасони ба синни 16 расида мебошанд. Ҳамчунин кор дар ин самт идома дошта, нозирони шиносномадиҳӣ дар баробари вохӯрӣ бо аҳолӣ ба мактабҳо низ меоянд.

Ҳамин гуна хизматрасонии муваффақона дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ низ роҳандозӣ шудааст. Аз аввали сол то 31 март 726 нафар барои гирифтани шиноснома ҳуҷҷат супорида, бори аввал ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандӣ ба даст мегиранд. Дар минтақаи маъмурии хизматӣ тақдими шиноснома дар вазъияти тантанавӣ доир шуда, ба муҳассилин вобаста ба чӣ гуна ҳуҷҷат будани шиносномаи миллӣ ва ҳуқуқҳои соҳиби он маълумот дода мешавад.
Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ ин навбат шиносномаҳои омодагардидаро ба хонандагони МТМУ №24 ва №4 Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳия дастрас намуда, ба соҳибонаш супориданд. Ҳамчунин ҷиҳати огоҳӣ ёфтан аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ ба хонандагон дар баробари шиноснома Конститутсия тақдим карда шуд.

Дастрасии хонандагон ба ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи шаҳрвандии Тоҷикистон-шиносномаи миллӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ба роҳ монда шуда, дархости ҳар муроҷиаткунанда ҷиҳати шиносномагирӣ сари вақт таъмин карда мешавад.

Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода кормандони хадамоти мазкур вазифадор карда шудаанд, ки шароити беҳтару дастрасро барои хонандагон фароҳам оваранд, то дар таъмини саривақтии муҳассилин, хосса хатмкунандагон бо шиноснома саҳм гузоранд. Зеро хонандагон баъди соҳиби шиноснома гаштан ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, ҳамчун довталаб худро ба қайд мегиранд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 5, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид