Дар Мурғоб марди 32-сола бо гумони шикори ғайриқонунии бузи кӯҳии сибирӣ боздошт шуд

Апрель 26, 2021 13:44

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Қарадемури ноҳияи Мурғоб марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони шикори ғайриқонунии бузи кӯҳии сибирӣ  боздошт  гардидааст.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Мурғоб 20 апрели соли 2021, дар мавзеи Қарадемури ноҳияи мазкур ғайриқонунӣ бо яроқи шикории суфтамили тамғаи ИЖ-16, бе рақам ва бе соли барориш ба шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир машғул шуда, 1 сар бузи кӯҳии сибириро ярадор намудааст.

Тибқи хулосаи маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, дар ноҳияи Мурғоб гӯшти мусодирашуда ба бузи кӯҳии сибирӣ тааллуқ дошта, вазни холисаш 25 килограммро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, зарари ба фонди шикорӣ расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад.

АКС аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ

Апрель 26, 2021 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад