Дар ноҳияи Ҳамадонӣ 188 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ шуданд
ҲАМАДОНӢ, 11.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар 3 моҳи соли равон 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, 188 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Сардори шуъбаи мазкур Самандар Мисайнов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки баъзе аз муроҷиаткунандагон ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ташкилоту муассисаҳо ва дигар корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда шуданд.
Инчунин дар ин давра аз тарафи шуъба 96 нафар сокинони ноҳия ба омӯзиши курси кӯтоҳмуддат, аз ҷумла дӯзандагӣ, бофандагӣ, асосҳои омӯзиши компютерӣ, муҳрабофӣ ва занбӯри асалпарварӣ фаро гирифта шуданд, ки 34 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти шуъба- ин додани қарзҳои имтиёзнок мебошад. Дар ин самт аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, хизмати машваратӣ расонида шуда, кумаки молиявӣ дода мешавад. Бо ин мақсад аз тарафи шуъба ба 12 нафар қарзҳои хурди имтиёзнок дода шуданд, ки асосан ба фаъолияти соҳибкорӣ, чорводорӣ ва хизматрасонӣ равона карда мешаванд.
Аз тарафи масъулини шуъба мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд, то дар оянда низ ҷавондухтарон ва ҷавонписарон ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб шаванд.








Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»






