Дар шаҳри Хуҷанд мактаби «Оксфорд» бунёд мегардад

Апрель 19, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи наврасону ҷавонони донишманд дар шаҳри Хуҷанд мактаби «Оксфорд» бунёд мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мактаби «Оксфорд» бо саҳми соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи «Оксфорд»-и Британияи Кабир бунёд гардида, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад. Ҳоло қариб 70 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, интизор меравад, ки иншооти муҳими таълимӣ дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода қарор гирад.

Дар муассисаи таълимии мактаби «Оксфорд» 450 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Муассиси мактаб тасмим гирифтааст, ки дар ин махзани таълимӣ усули таълими байналмилалӣ ва замонавӣ роҳандозӣ намояд.

Зимни боздид аз ҷараёни сохтмони мактаби мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси иншоот дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша роҳандозӣ гардида, босифат ба анҷом расонида шаванд.

Бояд гуфт, ки донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд. Барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур мебошад.

Хушбахтона, бо дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар Тоҷикистон  намояндагии донишгоҳу коллеҷ ва макотиби зикршуда таъсис ёфта, дар заминаи онҳо ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои пешрафтаи дунё омодагӣ мебинанд.

Акс: манбаъҳои боз

Апрель 19, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд