Дар Суғд гурӯҳи калони даъватшавандагон бо тантана ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

Апрель 6, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. 5 апрел дар Амфитеатри Қасри Арбоб ба муносибати гусели аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зикр шуд, ки натиҷаи корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида буд, ки садҳо нафар ҷавонони ватандўст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят барои адои хизмат ихтиёрӣ омода гардиданд ва имрўз 1000 нафари онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда мешаванд. Дар рӯзҳои нахустини даъват ноҳияи Шаҳристон нақшаро пурра иҷро карда, шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Гулистон, Зафаробод, Истиқлол ва Истаравшан пешсафи маъракаи даъватанд.

Ҷамъомад бо ҳузури роҳбарони вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссарони ҳарбӣ, волидони даъватшавандагон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид кард, ки ҳамасола тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Зикр гардид, ки ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Ҳомиёни Ватан дар лаҳзаҳои хеле мушкил ҳамчун муҳофизони содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд.

Бояд таъкид намуд, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб шуда, вобаста ба он таълиму тарбия ва рӯҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

-Ман аз номи худ ба ҳамаи падару модарон барои тарбияи чунин фарзандони ватандӯст ва бо ору шуҷоъ изҳори сипосу эҳтиром менамоям, — изҳор дошт Раиси вилоят ва афзуд, ки хизматчиёни вилоят — аз сарбози қаторӣ то генерал бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷашнҳои саиди дар пешистодаро бо натиҷаҳои шоиставу арзандаи хизматӣ истиқбол гирифта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро мекунанд ва марзҳои Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя менамоянд.

Сипас, даъватшванда, сокини ноҳияи Шаҳристон Шаҳзод Махкамов, сержант Муҳаммад Тӯраев ва падари даъватшаванда Ихтиёр Раҷабов сухан гуфта, хизмати  Ватанро қарзи ҷавонмардӣ донистанд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин  гардида, барои даъватшавандагон ва волидони онҳо дастархони идона ороста шуд.

АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Апрель 6, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст