Дар Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт

Апрель 1, 2021 12:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.

Дар робита ба ин имрӯз дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо шаҳомати хосса баргузор гардид. Ҷавонони синни даъватӣ аз  ҳар гӯшаву канори пойтахт — аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар барномаи фарҳангии гусел ба сафи Артиши миллӣ  иштирок намуданд. Зимнан навдаъватшудагон дар барномаи фарҳангӣ рақсу сурудхонӣ намуда, бо рӯҳияи болида ва ифтихору шарафмандӣ ба хизмат  раҳсипор гардиданд.

Дар маросими гусели наваскарон сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун Маҳмадализода иброз намуд, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад, яъне даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор нафар ҷавонписарони синни даъватӣ, яъне аз 18 то 27-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора фоизи хеле кам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Ва ин теъдод албатта, ба сифати даъват таъсири мусбат расонида, имконият медиҳад, ки аз миёни ҳама табақаҳои аҳолии кишвар ҷавонписарони солиму бардам ва болаёқат интихоб ва ба сафи Артиши миллии мамлакат фиристода шаванд,-афзуд Фаридун Маҳмадализода.

Мавсуф гуфт, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2020 масъулини мақомоти давлатии вобастаи бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти назаррас нишон дода, ин маъракаи муҳими сиёсиро пеш аз муҳлат, яъне 6 ноябр пурра ба анҷом расониданд. Дар ин самт саҳми масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва иқдому ташаббусҳои волидони ҷавонписарон, ки фарзандони хешро ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир намудаанд, шоистаи таҳсин мебошад.

Ифтихори миллию ватандорӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар ниҳоди ҳар фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон хеле боло рафтааст. Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост, ки бо шукӯҳмандии хосса ҷараён мегирад.

Апрель 1, 2021 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»