Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 56 фоиз иҷро шуд

Апрель 7, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Давоми 7 рӯзи маъракаи муҳими сиёсӣ — даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 56 фоизро ташкил дод. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат Фаридун Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод. 

Ба гуфтаи мавсуф, аз рӯзи оғози маъракаи даъватӣ то ин дам иҷрои маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар  вилояти Суғд 43 фоиз,  вилояти Хатлон  45,1, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  77 фоиз  ва шаҳри Душанбе  74,3 фоиз иҷро шудааст. Дар ҷумҳурӣ то ин муддат   16 шаҳру ноҳия маъракаи даъватро ба анҷом расонидаанд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 апрел дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 7, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустам Назарзода бо Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳамоҳанг намудани ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуд
Дар Афғонистон 104 узви гурӯҳи «Толибон» кушта, 68 тани дигараш захмӣ карда шуданд
Дар вилояти Суғд мулоқоти вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Сарбозони қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон дар баробари хизмат касбу ҳунар меомӯзанд
Дар Тоҷикистон тамринҳои миқёсан васеи низомӣ баргузор мешаванд
Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим миқдори махсусан калони маводи мухаддир мусодира гардид
Дар Суғд гурӯҳи калони даъватшавандагон бо тантана ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба 45 фоиз баробар шуд
«Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст…». Дар Турсунзода маъракаи даъвати наваскарон пурра анҷом ёфт
Сафари расмии Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Бар асари таркиш дар Кобул як нафар ҳалок ва се тани дигар захмӣ шуданд
Дар Бадахшон маъракаи сафарбаркунии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар як рӯз пурра ба анҷом расид

Маводҳои таҳлилӣ