Диндорон тавсияҳои таҳиянамудаи СУТ-ро дар моҳи шарифи Рамазони соли 2021 бояд ба инобат гиранд
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Писҳо, Пейсах ва Рамазон — ин идҳои диниро насрониҳо, яҳудиён ва мусулмонон баҳори соли равон ҷашн мегиранд. Дафтари аврупоии СУТ, ки Тоҷикистон низ шомили он аст, эътироф мекунад, ки эътиқод ва эҳсосоти мусбати вобаста ба он ба вазъи равонии одамон, махсусан ҳоло, ки ҳама аз пандемия хаста шудаанд, таъсири созгор мерасонанд. Ҳамзамон коршиносон зарурати риояи чораҳои эҳтиётиро хотиррасон мекунанд: ҳанӯз на ҳама бо ваксина эм шудаанд ва вирус ҳоло ҳам хатарнок аст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.
Тавре ки маълум аст, ҷашну маросим, ҷамъомадҳои оммавӣ ва сафарҳо ба интиқоли уфунат мусоидат мекунанд ва метавонанд сабаби барангехтани хуруҷи нав гарданд, алалхусус бо дарназардошти он, ки шумораи рӯйдодҳои нав бидуни ин ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Пешвоёни динӣ ҷиҳатҳои мусбат ва манфии баргузор намудани чорабиниҳои оммавии ҷашниро барои гирифтани тасмим арзёбӣ мекунанд. СУТ бар ин назар аст, ки дар он кишварҳое, ки афзоиши беморӣ мушоҳида мешавад, лағви тантанаҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Аммо, коршиносон чунин меҳисобанд, ки сарфи назар аз кишвар, тамоми чорабиниҳо бояд дар майдонҳои кушод баргузор шаванд, шумораи иштирокчиён ва давомнокии онҳо маҳдуд карда шаванд, инчунин аз ҳамдигар фосила гирифта шавад, тозагии дастҳо риоя ва ниқоб пӯшида шавад. Албатта, истиқболи ҷашнҳо дар доираи маҳдуд, бо аҳли хонавода авлотар аст.
СУТ хотиррасон мекунад, ки баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ дар дохили биноҳо хатарнок аст, хусусан вақте ки намояндагони наслҳои мухталиф, ки зери як бом зиндагӣ намекунанд ва қоидаҳои ягонаи эпидемиологиро риоя намекунанд, ҷамъ меоянд. Барои коҳиши хатари паҳншавии сироят дар чунин ҳолатҳо лозим аст, ки зуд-зуд ва бодиққат ҳаво тоза ва мутобиқи тавсияҳои дигари ҳокимияти маҳаллӣ амал карда шавад.
Чизе ки ба сафарҳо марбут аст, коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва хусусан издиҳоми одамон канорагирӣ бояд кард. Аз худ бипурсед, ки ин сафар то чӣ андоза зарур аст, оё имкони ба таъхир гузоштани он мавҷуд аст? Ғайр аз ин, СУТ хотиррасон мекунад, ки ба бисёр кишварҳо танҳо дар сурати доштани натиҷаи манфии озмоиши тести COVID-19 ворид шудан мумкин аст, дар дигар кишварҳо, пас аз ворид шудан аз карантин гузаштан лозим меояд. Коршиносон одамонро ба риояи қатъии ҳама қоидаҳои ҷоринамудаи ҳукуматҳои маҳаллӣ даъват мекунанд.
АКСИ СММ/Э.Шнейдер








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






