Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Тоҷикистон гуфт, ки имсол барои кишоварзони тоҷик чӣ пайомад дорад

Апрель 1, 2021 12:11

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи обу ҳавои рӯзҳои охири Тоҷикистон моро ба ҳайрат овард. Охири зимистон гарм омад ва ба аввали баҳор монанд буд. Моҳи март бориши шадид ва ҳатто барф ба қайд гирифта шуд. Вазъи обу ҳаво имсол ба соҳаи кишоварзӣ чӣ таъсир мерасонад? Оё деҳқонон метавонанд ҳосили фаровон ба даст оранд? Ба ин саволҳо директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров посух дод.

«Агар вазъи обу ҳаво бад нашавад ва барфу сармо наояд, он гоҳ бо боварӣ метавон гуфт, ки имсол барои деҳқонони тоҷик бобарор хоҳад буд. Танҳо агар онҳо ҳамаи талаботи агротехникии кишту парвариши зироатро иҷро кунанд, он гоҳ метавонанд ҳосили хуб ба даст оранд», — гуфт директори Институт.

Ба гуфтаи ӯ, боридани барф дар моҳҳои феврал ва март, инчунин сардшавии ҳаво ба боғдорон, сабзавоткорон ва ангурпарварон зарар нахоҳад расонд.

«Барои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст, ки боронгариҳои шадиди моҳи март ба қайд гирифташуда дигарбора наборанд ва ба гардолудшавии гулҳо таъсир нарасонанд, зеро ин ҳам аҳамияти муҳим дорад. Ба растаниҳои дар гармхонаҳо парваришёбанда вазъи обу ҳаво аслан таъсир намерасонад. Барои сабзавоткороне, ки сабзавотро дар шароити табиӣ парвариш мекунанд, вақти шинондани ниҳолҳо оғоз ёфт», — тазаккур дод Ҳикматулло Назиров.

Аммо, тавре Ҳикматулло Назиров гуфт, бо вуҷуди ин дарахтони мевадиҳанда аз тағйирёбии ҳавои моҳи март каме осеб диданд. Акнун ба деҳқонон лозим аст, ки барои нигоҳубини онҳо, бо ғизо додани дарахтон бо нуриҳои органикӣ ва минералӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, реҷаи обмониро риоя кунанд.

«Бориш ба замин таъсири судбахш доранд, баҳори бе бориш ба ҳосил таъсир мерасонад», — шарҳ дод ӯ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳафтаи оянда дар ҷумҳурӣ бориш пешбинӣ нашудааст ва чунин вазъи обу ҳаво барои кори кишоварзон мусоид хоҳад буд.

Соли гузашта Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худро тақрибан 9% афзоиш дод. Имсол, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Парлумони ҷумҳурӣ баён  доштанд, афзоиш додани ин нишондиҳанда ба нақша гирифта шудааст.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2021 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд