Фаридун Маҳмадализода: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, маъракаи даъвати баҳории наваскаронро анҷом дод

Апрель 2, 2021 14:43

ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аввалин шуда, 8 шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз анҷоми маъракаи мазкур гузориш доданд.  Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод. 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 1 апрел дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.

Фаридун Маҳмадализода гуфт, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона ҷараён гирифта, дар рӯзи якуми ин маъракаи сиёсӣ иҷрои нақша дар мамлакат ба 18,3 фоиз баробар шуд.

-Бо ҳамин тартиб иҷрои нақша дар вилояти Суғд 8,3 фоиз, дар вилояти Хатлон 12,5 фоизро ташкил дода, ноҳияи Носири Хусрав аз иҷрои пурраи нақша хабар дод. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 19,6 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 47 фоизро ташкил медиҳад,-иброз дошт Фаридун Маҳмадализода.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад: даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

 АКС аз бойгонӣ

Апрель 2, 2021 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид