Фаридун Маҳмадализода: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, маъракаи даъвати баҳории наваскаронро анҷом дод
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, 8 шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз анҷоми маъракаи мазкур гузориш доданд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 1 апрел дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.
Фаридун Маҳмадализода гуфт, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона ҷараён гирифта, дар рӯзи якуми ин маъракаи сиёсӣ иҷрои нақша дар мамлакат ба 18,3 фоиз баробар шуд.
-Бо ҳамин тартиб иҷрои нақша дар вилояти Суғд 8,3 фоиз, дар вилояти Хатлон 12,5 фоизро ташкил дода, ноҳияи Носири Хусрав аз иҷрои пурраи нақша хабар дод. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 19,6 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 47 фоизро ташкил медиҳад,-иброз дошт Фаридун Маҳмадализода.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад: даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
АКС аз бойгонӣ








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






