«ҶИҲАТИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ МУШКИЛОТИ МАВҶУДА ДАР ДОИРАИ ИМКОНИЯТИ МАВҶУДА…». Вокуниши Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мақолаи АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2021 17:04

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар сомонаи АМИТ  «Ховар» таҳти унвони «Мушкилоти муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод.   Чаро сохтмони мактаби №6, ки қариб 20 сол пеш оғоз шуда буд, анҷом намеёбад?»  мақолаи хабарнигори маҳаллии мо Субҳонидини Маҳмуд ба нашр расид, ки дар он вобаста ба сохтмони муассисаи таълимии рақами 6 дар ноҳияи Тоҷикобод, ки  қариб  20 сол пеш оғоз гардида буд, сухан мерафт. Дар  мақола  зикр гардида буд, ки аз сабаби сари вақт маблағгузорӣ накардани Вазорати маориф ва илм сохтмони мактаб солҳои дароз аст, ки ба анҷом  намерасад.  

Дар робита ба ин мавод  имрӯз аз ҷониби маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентӣ посух расидааст, ки манзури хонандагон мегардонем:

«Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи муаллиф Субҳониддини Маҳмудро, ки дар робита ба мушкилоти муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод таълиф ва нашр шудааст, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, изҳор медорад, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти зикршуда дар доираи имконияти мавҷуда кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Бояд гуфт, ки сохтмони муассисаи таълимии №6 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Нушори ноҳияи Тоҷикобод бо ҷалби пудратчӣ ҶДММ «Рамиз» соли 2009 оғоз гардида, тибқи нақша навбати авввали иншоот- бинои таълимӣ иборат аз 8 синфхонаи таълимӣ барои 192 ҷойи нишаст дар як баст соли 2012 (на соли 2009, тибқи иттилои муаллиф) мавриди истифода қарор дода шуд.

Баъдан, бо мақсади идомаи сохтмони иншооти мазкур дар навбати дуюм бунёди бинои таълимӣ барои 336 ҷойи нишаст дар як баст  ба нақша гирифта шуд.

Дар доираи корҳое, ки иҷро гардидаанд, корҳои заминӣ, рехтани таҳкурсии бино, бардоштани деворҳои ошёнаи якум ва дуюми бино, пӯшонидани болопӯш ва боми бино, васл намудани тирезаҳо, андова намудани деворҳои дохил ва намои берунии бино ба анҷом расонида шудаанд.

Бояд гуфт, ки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур давоми солҳои 2013-2016 бо ҶДММ «Рамиз» ба маблағи 553,5 ҳазор сомонӣ, соли 2017 дар асоси озмун бо ҶДММ «Аҳорун» ба маблағи 194,301 ҳазор сомонӣ ва солҳои 2019-2020 дар асоси озмун бо ҶДММ «Нурофарид Сохтмон» ба маблағи 475 ҳазор сомонӣ қарордод баста шуда, дар доираи қарордодҳои зикргардида корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Директори ҶДММ «Нурофарид Сохтмон»  на Ноилҷон Бобоев, балки Авҷ Бобоев буда, корҳои сохтмонии иҷрогардида аз ҷониби ин ширкат то имрӯз 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд (на 150 ҳазор сомонӣ, тибқи иттилои муаллиф), ки соли равон пардохт карда мешаванд. Соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони иншооти мазкур ба андозаи 700 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи банди 1 сархати 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 31.12.2020 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»  хариди мол, кор ва хизматрасонии маблағҳои буҷетӣ дар доираи маблағҳо ва меъёрҳои муқарраргардида бо пешниҳоди протоколи комиссияи тендерӣ амалӣ карда мешавад. Тибқи тартибот, баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ идомаи сохтмони иншоот то охири моҳи апрели соли равон оғоз мегардад.

Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, айни замон бинои шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимии №3-и деҳаи Сари Най, №4-и деҳаи Ширинчашма, №5-и деҳаи Файзбор, №9-и деҳаи Шарқиён, №14-и деҳаи Одилобод, №15-и деҳаи Сабзазор ва №20-и деҳаи Гулрез дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Дар ин замина, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҷиҳати сохтмону  навсозии иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, дархости лоиҳавӣ оид ба сохтмону навсозии иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби Фонди Рушди Қатар омода ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Шароити муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикободро ба инобат гирифта, дар рӯйхати замимагашта ба дархости мазкур сохтмони муассисаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи ноҳияи Тоҷикобод ворид карда шудааст.

Пас аз дастгирӣ ёфтани лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди Рушди Қатар Вазорати маориф ва илм омода аст, ки ҷиҳати сохтмони муассисаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи ноҳияи Тоҷикобод чораҷӯӣ намояд.

Тибқи нақша, соли равон дар ноҳияи Тоҷикобод идомаи сохтмони муассисаи таълимии №6-и деҳаи Нушор ва идомаи сохтмони муассисаи таълимии №10 ба нақша гирифта шуда, дар доираи имконияти молиявӣ сохтмони иншооти мазкур соли равон ба анҷом расонида мешавад.

Вазорати маориф ва илм вобаста ба сохтмону навсозии иншооти соҳаи маориф бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи ноҳия бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад».

Апрель 7, 2021 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд