ИД МУБОРАК! Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мегардад

Апрель 8, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рӯзи иқтисодчиёни Тоҷикистон таҷлил мегардад.  Ба ин муносибат дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши тантанавӣ баргузор  шуд.

Вазири рушди иқтиисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ин ҳамоиш кормандони вазорат ва дар шахси онҳо тамоми иқтисодчиёни мамлакатро бо иди касбиашон табрик намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба нишондиҳандаҳои назарраси макроиқтисодӣ ноил  гардид.

Аз ҷумла, тайи  ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 46 миллиард сомонӣ ба 83 миллиард расид,  ҳаҷми умумии даромади буҷет 2,5 баробар, даромади пулии аҳолӣ 3 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2 баробар афзоиш ёфт.

Бино ба зикри мутахассисон, иқтисоди Тоҷикистон, ба далели тавоноиҳои ҷуғрофиёӣ ва табиии худ, яке аз манотиқи муҳимми иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва аз ҷойгоҳе вежа бархурдор аст.

Дар ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки вазифаи калидии сиёсати иқтисодии кишвар имрӯз  — баланд бардоштани дараҷаи рақобатнокии иқтисоди миллӣ мебошад ва  фаъолияти доимии кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо  маҳз ба ҳамин самт равона шудааст. «Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем», — гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдо З. Завқизода.

Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ чанде аз корманди дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён бо  ифтихорномаҳо сарфароз  гардонида шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтиисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст