Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД баргузор мешавад

Апрель 27, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад.

Дар ҷаласа иштироки вазирони мудофиаи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Арманистон, Дабири кулли СААД Станислав Зас ва сардори Ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров ба нақша гирифта шудааст.

Иштирокчиёни ҷаласа чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва вазъи минтақаҳои гуногуни кишварҳои узви СААД ва чораҳои беасаргардонии онҳо, инчунин масъалаҳои рушди ҷузъи низомии Созмонро, ки бо назардошти воқеияти имрӯза аҳамияти муҳим доранд, баррасӣ мекунанд.

Роҳбарони идораҳои мудофиа инчунин лоиҳаи Қарори Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро дар бораи вақт ва ҷои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва сохтори қолабии Фармондеҳии Неруҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар ҷараёни тамрини даставӣ — ситодӣ озмоиш ва бо дарназардошти натиҷаҳои мувофиқасозии дохилӣ коркард шудааст, баррасӣ мекунанд.

                                                              АКС аз бойгонӣ

Апрель 27, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад