Имрӯз гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

Апрель 1, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара ба хизмати ҳарбӣ гусел карда  шуданд. Ба ин муносибат дар майдони  Исмоили Сомонии маркази шаҳри Исфара бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавононе, ки  адои хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намудаанд, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода изҳор дошт, ки нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ дарак медиҳад. Зеро дар оғоз ва нахустин рӯзҳои маъракаи даъватии баҳорона ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ, Хонобод, шаҳракҳои Нефтободу Нурафшон аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ баромаданд.

Ҳамчунин Баҳоваддин Баҳодурзода зикр намуд, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигарон, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандорӣ буда, ҳомиёни имрӯзаи  Ватан бояд аз онҳо ибрат гиранд.

Иштирокдорон аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда,  бо тазаккури зарурати дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони  соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ  ва музаффарияти беназир таманно намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин раиси Шўрои собиқадорони меҳнати шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ ва модари даъватшаванда Ашурхон Умедова  сухан гуфта, нахуст ба ҷавонони дар мавсими баҳорӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори сипос ва минатдорӣ карданд.

Сарбози ба тозагӣ хизмати аскариро ба итмом расонида Меҳрулло Зоҳидов изҳор дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт ва обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ, арсаи далерию мардонагӣ мебошад ва бояд ҷавонони синни даъватӣ барои ба ҷо овардани хизмати Модар-Ватан камар банданд.

Даъватшаванда аз деҳаи Чоркӯҳ Заробиддин Салимов изҳор дошт, ки “ҷавонон набояд аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кунанд. Зеро аскарӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилонаву расидан ба қадри падару модар ва додару хоҳар аст”. Ў аз номи ҷавонони баору номус, ҷавонмардони ҳақиқие, ки ифтихори баланди миллӣ доранду ватанашонро аз сидқи дил дӯст медоранд, дар назди аҳли ҷамъомад ботантана ваъда дод, ки дар сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ хизмати Модар-Ватанро бо сари баланду дили пок   адо  хоҳанд кард

Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр ва шодиву нишоти сарбозону наваскарон  анҷомбахши ин ҷамъомади бошукӯҳ буд.

Апрель 1, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ