ИНҚИЛОБИ БУЗУРГИ ФУТБОЛ! ТАСС маводи худро дар бораи ташкили мусобиқаи нав — Суперлигаи Аврупо чунин унвон гузоштааст
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби душанбе, 19 апрел 12 клуби беҳтарини Аврупо аз ташкили мусобиқаи нав — Суперлигаи футбол хабар доданд. Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) зуд вокуниш карданд. Вокуниш манфӣ буд. ТАСС ин рӯйдодро «инқилоби бузурги футбол» унвон кардааст, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Чӣ рух дод?
Дастаҳои футболи Англия — «Манчестер Юнайтед», «Манчестер Сити», «Тоттенхэм», «Ливерпуль», «Челси» ва «Арсенал», дастаҳои испанӣ «Барселона», «Атлетико» ва «Реал» ва дастаҳои футболи Италия — «Милан», «Интер», «Ювентус» аз таъсиси мусобиқаи нави футбол хабар доданд. Интизор меравад, ки баъдтар ба онҳо се бошгоҳи дигари футбол дигар ҳамроҳ шаванд. Онҳо низ дар мақоми муассисон.
«Таъсиси Суперлига дар ҳолест, ки пандемияи ҷаҳонӣ ноамниро дар модели имрӯзаи иқтисодии футболи Аврупо шадидтар кардааст. Дар баробари ин, тайи солҳо бошгоҳҳои муассисон дар назди худ мақсад гузошта буданд, ки сифат ва ҷолибияти мусобиқаҳои мавҷудаи аврупоиро дар тӯли мавсим баланд бардоранд ва барои мусобиқаҳои мунтазами беҳтарин бошгоҳҳо ва бозигарон формат эҷод мекунанд», — чунин шарҳ додааст сомонаи расми «Ливерпул».
Мусобиқа дар кадом формат?
Мусобиқа бояд моҳи август оғоз ёбад, дар он 20 даста — 15 бошгоҳи муассисон (то ҳол 12 бошгоҳ маълум аст) ва панҷ дастае, ки дар охири мавсим интихоб мешаванд, ширкат меварзанд. Бозиҳо дар миёнаи ҳафта бо нигоҳ доштани тақвими анъанавии дохилии чемпионатҳои миллӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Клубҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд, ки ҳар яке мусобиқаи ду давриро бо бозиҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ баргузор мекунанд. Дастаҳое, ки аз ҷойҳои аввал то ҷойҳои сеюмро ишғол менамоянд, мустақиман ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, барои онҳое, ки ҷойҳои чорум ё панҷумро мегиранд, ду роҳхат пешниҳод мегардад. Бозиҳои чорякниҳоӣ ва нимниҳоӣ дар шакли ду бозӣ — дар майдонҳои мизбон ва меҳмон, финал – бозии ниҳоӣ бошад, моҳи май дар майдони ҷониби бетараф баргузор мешаванд.
Маблағгузорӣ чӣ гуна сурат мегирад?
Ба навиштаи «Financial Times», ки тавонист бо асноди мусобиқаи нав ошно шавад, Суперлига ба 15 дастаи муассис даромади устувор хоҳад овард. Сохтори мусобиқа ба лигаҳои варзишии «пӯшида» -и Амрикои Шимолӣ шабеҳ аст, ки соҳибони франшиз фоидаи боэътимод ба даст меоранд ва арзиши тахминии дастаҳо бо мурури замон бемайлон меафзояд. Лоиҳа бо дастгирии 6 миллиард доллар қарзи бонки амрикоии «JP Morgan» интизор меравад, ки аз ҳисоби ҳуқуқҳои телевизион ва созишномаҳои сарпарастӣ 4 миллиард евро даромади солона ба даст орад. Ҳар сол ба дастаҳо маблағи муайяне дар ҳаҷми 264 миллион евро пардохт карда мешавад. «JP Morgan» аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард.
Ҳар яке аз дастаҳои муассис низ, тибқи иттилои нашрия, барои иштирок дар мусобиқа аз 100 то 350 миллион евро ба даст хоҳанд овард. Илова бар ин, тибқи гузориши матбуотии Суперлига, ба дастаҳои муассис тақрибан 3,5 млрд евро барои дастгирии нақшаҳои сармоягузорӣ дар инфрасохтор ва ҷуброн барои таъсири пандемияи коронавирус дода мешавад. Интизор аст, ки пардохтҳои куллӣ ба дастаҳо аз даромади мусобиқаи кунунии Аврупо ба таври назаррас зиёд гардида, аз ҳудуди 10 миллиард евро убур хоҳанд кард.
Вокунишҳо чӣ гунаанд?
Иттиҳодияи Ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА), роҳбарияти федератсияҳои миллии футболи Англия, Испания ва Италия, инчунин чемпионатҳои ин кишварҳо таъсиси Суперлигаро маҳкум карданд. Ҳатто изҳороти пурсарусадо доданд, ки дастаҳои муассисон аз рӯйхати иштирокчиёни мусобиқаҳои миллӣ, инчунин мусобиқаҳои таҳти сарпарастии УЕФА хориҷ карда мешаванд.
Сарвазири Британия Борис Ҷонсон муътақид аст, ки роҳбарияти футбол бояд дар мавриди лоиҳаи наве, ки ба гуфтаи ӯ ба футбол зарари калон мерасонад, чораҳои шадид бинад. Президенти Франсия Эммануэл Макрон тазаккур дод, ки дар байни дастаҳои инқилобӣ дастаҳои франсавӣ нестанд ва ӯ аз ин мавқеъ истиқбол мекунад. Мухлисон низ хомӯш нестанд, тарафдорони футболи Аврупо дар як изҳорот гуфтанд, ки чунин мусобиқаи пӯшида мехи ниҳоии тобути футболи Аврупо ва даст кашидан аз он чизе хоҳад буд, ки ин қадар маъмул ва муваффақ гаштааст.
Тавре интизор мерафт, ба таъсиси Суперлига сохторҳои байналмилалии футбол — ФИФА ва УЕФА мухолифат карданд.
Ин барои футболи ҷаҳон чӣ таъсир хоҳад дошт?
Премйер-лигаи Россия (ПЛР) ташкили Суперлигаи футболро дастгирӣ накард. «ПЛР бо мавқеи УЕФА ва лигаҳои Аврупо, ки дар бораи лоиҳаи Суперлига изҳороти муштарак доданд, ҳамбастагӣ дорад, — гуфт президенти ПЛР Сергей Прядкин. — Ин ғоя бар хилофи арзишҳои асосии футбол буда, манфиатҳои аксарияти куллро ба назар намегирад ва дар ҷомеаи футболи Аврупо ҷудоӣ бармеангезад. Раванди ислоҳоти мусобиқоти Аврупо аллакай таҳти сарпарастии УЕФА ҷараён ва муколамаи ороми касбӣ бо иштироки ҳама ҷонибҳои манфиатдор идома дорад».
Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ишора ба он, ки мо узви Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳастем, на УЕФА, аз шарҳи ин рӯйдод худдорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), ки ҳам КФО ва ҳам ФФТ ба он шомиланд, дар сомонаи худ ба мусобиқаи пӯшидаи нав шадидан мухолифат кардааст. Тавре дар изҳороти ташкилот гуфта мешавад, ФИФА, инчунин аъзои он УЕФА, КФО, Конфедератсияи футболи Африка, КОНКАКАФ, КОНМЕБОЛ ва Конфедератсияи футболи Океания ин мусобиқаро эътироф намекунанд.
«Бо дарназардошти тахминҳои ахир дар ВАО дар бораи таъсиси Суперлигаи Аврупо бо ташаббуси баъзе бошгоҳҳои футболи Аврупо, ФИФА, инчунин шаш конфедератсия, мехоҳем бори дигар такрор кунем ва таъкид намоем, ки ин мусобиқа аз ҷониби ФИФА ё конфедератсияҳои дар боло зикршуда эътироф карда намешавад. Ҳар як даста ё бозигаре, ки дар он ширкат мекунад, ба мусобиқаҳое, ки таҳти сарпарастии ФИФА ё шаш конфедератсия доир мегарданд, роҳ дода намешавад», — омадааст дар изҳороти ФИФА.
АКС: © thesuperleague.com









Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид






