«Истиқлол» дар бозии даври панҷум бо дастаи ««Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» рақобат мекунад

Апрель 27, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз чемпиони Тоҷикистон – дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар даври панҷуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бар муқобили дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА вориди майдон мешавад. Сабқати  дастаҳо соати 23:55 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  дар даври чоруми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» дастаи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб карда буд. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бозиро бо ҳисоби 0:1 мебохт, вале футболбозон тавонистанд ташаббус ба даст гиранд ва ғолиб шаванд. Голҳои  Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ба  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  се хол овард. Чемпиони Тоҷикистон пас аз ин пирӯзӣ бо 7 хол ба садри ҷадвали гурӯҳи  «А» баромад.  Дастаи футболи  «Ал-Ҳилол»-и  Арабистони Саудӣ, ки ҳафт хол дорад, дар ҷои дуюм аст. Дар бозии дигари гурӯҳи  «А»  дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 4-ум давр

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1
Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷураев, 90+2), Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов (Рёта Нома, 79), Рустам Соиров (Ваҳдат Ханонов, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).
24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Ӯзбекистон) – 3:1

Лигаи  чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)

«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)

Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64

Аз ин пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе дар бозии  дуюмаш бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби  3:2 ғалаба карда, пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт. Голҳоро аз  ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов  ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро легионери сербиягии дастаи АГМК Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.

Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби мусовии 0:0 бозӣ карда буд. Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «А» дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бар дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

 «Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

     Б  Ғ  М    Б    Т-Т    Х 
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон)  4  2  1  1  8-6  7
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)    4  2  1  1  8-7  7
3 «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА)  4  1  1  2  4-5  4
4 АГМК (Узбекистон)  4  1  1  2  7-9  4

                                                                                                                    АКСҲО аз ФФТ

Апрель 27, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид