Корхонаҳои саноатии Хуҷанд дар семоҳаи аввал ба маблағи 76,7 миллион сомонӣ маҳсулот содир намуданд

Апрель 20, 2021 09:40

ХУҶАНД, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли равон дар Хуҷанд 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор шурӯъ намуда, дар онҳо 92 нафар бо кор таъмин шуданд. Бо ифтитоҳи корхонаҳои нав шумораи умумии онҳо ба 166 адад расид. Барои рушди соҳаи саноати шаҳр беш аз 8 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шудаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии Хуҷанд бо 16 кишвари хориҷии наздик ва дур ҳамкорӣ мекарданд. Ҳаҷми содироти маҳсулот 76,7 миллион сомониро ташкил дода, рушди он нисбат ба соли гузашта 14 % зиёд шуд.

Асосан маҳсулоти маргарин, рангҳои молиданӣ ва омехтаҳои минералӣ, либоси варзишӣ, либоси низомӣ, молҳои барқӣ, дару тирезаҳои пластикӣ содир карда шудаанд.

Дар айни ҳол 66 корхонаи хурду бузург ба маблағи 112,8 миллион сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол кардаанд. Аз 117 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-март истеҳсоли 65 номгӯйи он зиёд карда шуд.

Маҷмӯан, дар семоҳаи аввали соли 2021 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 318,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд ва рушди ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 12,2% -ро ташкил намуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд