ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2021. Имрӯз «Истиқлол» бо дастаи «Ал-Ҳилол» рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 24.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз соати 23:55 ба вақти Душанбе дастаи футболи «Истиқлол» сабқати навбатиашро дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 ба муқобили дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ доир мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки 21-22 апрел бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ баргузор гардида буданд. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «МРСООЛ Парк»- и шаҳри Риёз сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 бар суди мизбонон ба анҷом расид. Дар қисми аввали бозӣ футболбозони дастаи «Ал-Ҳилол» афзалиятро ба даст гирифта, дар дақиқаи 39-ум бо голи задаи дифоъгар Алӣ Ал-Булайхӣ пешгом шуданд. Аммо ин шодии онҳо дер давом накард, зеро бо гузаштани 2 дақиқа аз тӯби партофтаи Манучеҳр Ҷалилов истифода бурда, дифоъгари 20- солаи дастаи футболи «Истиқлол» Ваҳдат Ҳаннонов таносуби бозиро баробар кард ва бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд. Қисми дуюми бозӣ барои шогирдони мутахассиси бразилӣ — Рогерио бобарор оғоз шуд. Дар дақиқаи 52- юми бозӣ ниммуҳофизатгари даста Ҳаттан Баҳебрӣ хати дарвозаи Рустам Ятимовро рахна кард. Бо сипарӣ шудани 12 дақиқаи дигар Ҳаттан Баҳебрӣ голи дуюмашро ба дарвозаи Рустам Ятимов ба нишон расонида, натиҷаро 3:1 ба фоидаи дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ кард. Ҳарчанд футболбозони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе кӯшиши зиёд карданд, ки ба задани гол даст ёбанд, вале натавонистанд.
Дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ду пирӯзӣ ва як мусовӣ дар ҷадвали гурӯҳи А бо касби 7 имтиёз садрнишин мебошад. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо як мусовӣ, як пирӯзӣ ва як бохт бо доштани 4 имтиёз дар зинаи 2-юми ҷадвал ҷой гирифт.
Лигаи чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)
«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)
Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64
Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии дуюмаш бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда, пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт. Голҳоро аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро легионери сербиягии дастаи АГМК Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.
Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби мусовии 0:0 бозӣ карда буд. Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «А» дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бар дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Лигаи чемпионҳои Осиё-2021
Гурӯҳи «А». 2-юм давр
АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0
«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммаҳон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҳалилов (Рустам Соиров, 64).
«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
| 1 | «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-3 | 7 |
| 2 | «Истиқлол» (Тоҷикистон) | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-5 | 4 |
| 3 | АГМК (Ӯзбекистон) | 2 | 0 | 1 | 1 | 4-5 | 1 |
| 4 | «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) | 2 | 0 | 1 | 1 | 0-2 | 1 |
АКС аз ФФТ








Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Дар Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастаи занона таъсис ёфт
Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад






