Миёни Тоҷикистон ва Беларус гардиши савдо қариб ду маротиба афзудааст

Апрель 6, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода 5 апрел бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Иброз гардид, ки Беларус яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 54,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 25,9 миллион доллар ё 1,9 маротиба афзоиш ёфтааст.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ, ширӣ ва васлу насби мошинҳои «МАЗ» дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Дар охири вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карданд.

Апрель 6, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд