Миёни Тоҷикистон ва Нидерланд даври дуюми машваратҳои сиёсӣ дар шакли видеоконференсия баргузор гардид

Апрель 19, 2021 15:15

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 апрел даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар нишаст маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Нидерланд дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, маориф, сайёҳӣ, обу энергетика ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Табодули афкори судманд дар атрофи мавзӯоти мубориза бо COVID-19 ва таҳдиду чолишҳои муосир сурат гирифт.

Ҳамзамон ҷонибҳо мавзӯъҳои равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавиро муҳокима намуданд. Дар ин росто, мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории мутақобила дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати ташкили муваффақонаии Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк ба нақша гирифта шудааст, зикр карданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Апрель 19, 2021 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид