НОРАСОИИ НЕРУИ КОРӢ ДАР РОССИЯ. Маркази муҳоҷирати Москва дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ мекунад
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Норасоии коргарон дар бахши сохтмон мушкили асосии Москва аст, ки бо сабаби пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 14 апрел, сардори Раёсати Москва оид ба рушди ҳудудҳои нав Владимир Жидкин ба хабарнигорон иттилоъ додааст.
«Дар мавриди суръати корҳо бояд гуфт, ки мо дар ягон самт коҳиш надорем, дар ҳама ҷо мо рушдро мебинем. Аммо мо то ҳол як мушкилоти асосии вобаста ба коронавирус — норасоии неруи кориро эҳсос мекунем. Зеро мутахассисоне, ки аз кишварҳои ИДМ меомаданд, бинобар баста будани марзҳо омада наметавонанд. Ва мо ҳама сари ин масъала кор карда истодаем», — гуфт ӯ.
Жидкин афзуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳама соҳаҳо тибқи нақшаҳо ҷараён доранд. «Мо Москваи навро густариш медиҳем. Ҳоло танҳо панҷ нуқтаи асосӣ мавҷуд аст, ки фаъолона рушд мекунанд: Коммунарка, Румянтсево, Внуково, Саларево ва Крекшино. Ҳамаи нуқтаҳои дигар низ рушд мекунанд, аммо инҳо бештар фаъол мебошанд», — шарҳ дод ӯ.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik» хабар дода буд, пештар муовини шаҳрдори Москва оид ба сиёсати иқтисодӣ ва муносиботи моликиятӣ ва замин Владимир Ефимов ба рӯзноманигорон дар бораи ифтитоҳи як маркази махсус дар Тоҷикистон хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади ҳамкорӣ бо биносозон, маркази муҳоҷирати пойтахт аллакай дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз кардааст ва ҳоло дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад, то мутобиқи дархости корфармоёни Москва интихоб, ҷалб ва ба Москва фиристодани қувваи корӣ таъмин карда шавад.
АКСИ: © Sputnik/Денис Гришкин








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






