Нуҳ нафар дар ҳодисаҳои зидди амниятӣ дар Афғонистон кушта шуданд

Апрель 20, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи ҳамлаҳои «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар як шабонарӯз дар вилоятҳои Бағлон, Ғазнӣ, Кундуз, Балх, Парвон, Ғур ва Нангарҳор ҳашт тан мансубини неруҳои интизомӣ ва қудратӣ ва як ғайринизомӣ кушта ва 18 нафари дигар, аз ҷумла панҷ ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Аҳмад Ҷовид Башорат, сухангӯи полиси Бағлон, 19 апрел гуфт, ки шаби гузашта дар ҳамлаи «Толибон» ба як корхонаи истеҳсоли қанд дар вулусволии Бағлони маркази ин  вилоят ду корманди полис кушта ва шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вай афзуд, ки задухӯрд миёни неруҳои амниятӣ ва «Толибон» то бомдоди рӯзи дигар идома ёфт ва ҷангҷӯён низ талафот диданд, аммо шумораи дақиқи онҳо ҳоло дастрас нашудааст.

Холиқдод Акбарӣ, узви шӯрои вилоятии Ғазнӣ, низ гуфт, ки дар даргириҳои ахир дар канори шаҳри Ғазнӣ ду нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.

Вай афзуд: «Ҳар шаб деҳоти Орзу шоҳиди ҷанг, низоъ ва хунрезӣ ҳастанд, умедворем, ки ин ҷангҳо дар моҳи Рамазон қатъ мешаванд».

Як қатор вакилони Маҷлиси намояндагон афзоиши хушунатҳоро дар баъзе қисматҳои кишвар нигаронкунанда медонанд ва мегӯянд, ки ҳолати дифоии ниҳодҳои амнияти сабаб шудааст то доманаи ҷанг то ба марказҳое баъзе вилоятҳо бирасад.

Дар ҳамин ҳол, Комиссияи мустақили ҳуқуқи башар дар як хабарнома мегӯяд, ки танҳо дар давраи  аз 21 март то ба ҳол 39 нафар афроди ғайринизомӣ дар ҷанг ва хушунатҳо ҷон бохтаанд ва 40 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Забеҳуллоҳ Фарҳанг, сухангӯи Комиссияи мустақили ҳуқуқи башар, гуфт: «Тарафҳои ҷанг набояд аз ин бештар сабаби қатл ва куштори мардуми Афғонистон шаванд. «Ҷанг омили поймол шудани ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст».

«Неруҳои ҳукуматӣ бояд ҳамлаҳои худро суръат бахшанд, то битавонанд «Толибон» -ро зудтар шикаст бидиҳанд», — гуфт Шафиқа Сахо Юлчӣ, узви Маҷлиси намояндагон.

Аммо Рӯҳуллоҳ Аҳмадзай, сухангӯи вазорати дифоъ афзоиши ҳамлаҳои «Толибон» -ро дар баъзе манотиқи кишвар ба оғози амалиёти баҳории ин гурӯҳ вобаста медонад, ҳарчанд «Толибон» дар ин бора изҳори назар накардаанд.

«Идомаи хушунати «Толибон» имрӯз алайҳи мардуми Афғонистон нисбат ба ҷанги солҳои қабл эълонкардаи ин гурӯҳ хеле бадтар ва марговартар аст», — афзуд ӯ.

Апрель 20, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?