Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки раёсати баргузории онро Раиси Ассамблеяи мазкур, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко бар уҳда дошт. Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, ҳамаи масъалаҳои дар он зикршударо баррасӣ ва қабул намуданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори нишасти муштараки ҷаласаи Шӯрои мазкур ба таври реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода иштирокчиёни ҷаласаро бо оғози кор табрик намуда, миннатдории самимонаи худро ба хонум Валентина Матвиенко барои кори фаъолона ва пурсамараш ба ҳайси Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ташкили ин мулоқот баён намуд.
Раиси Парлумони касбии мамлакат ҳамчунин афзуд, ки «имрӯз мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ассамблея ба ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ва муассир табдил ёфтааст, ки дар таъмин ва таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод саҳми назаррас дорад».
Дар ҷаҳони муосир,-иброз кард Маҳмадтоир Зокирзода, танҳо якҷоя кардани саъю кӯшишҳо имкон медиҳад, ки ба мушкилоти мавҷуда ва нав ба қадри кофӣ посух диҳем. Ман таваҷҷуҳ ва омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушду таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва ҳамкории байни кишварҳои узви Иттиҳод тасдиқ мекунам.
Ҳамчунин мо Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро ҳамчун платформаи муҳим барои мусоидат ба раванди наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии ҷонибҳо мешуморем.
Ҷониби Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаро дастгирӣ менамояд. Боварӣ дорам, ки имрӯз мо аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома мубодилаи пурсамари афкор хоҳем дошт.
Итминон дорем, ки натиҷаҳои кори якҷояи мо омили тақвияти динамизми иловагӣ ба фаъолияти Шӯрои мо хоҳанд шуд,-иброз дошт дар анҷоми суханронӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин дар кори конфронси байналмилалии парлумонӣ дар мавзӯи «Мушкилот ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар заминаи пандемияи COVID-19», «Терроризм ва экстремизми хушунатомез» дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) иштирок намуд.








Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»






