РАСОНАИ ЗИНДАГӢ. 10 апрел ба фаъолияти Радиои Тоҷикистон 91 сол пур шуд

Апрель 10, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Радио дар тӯли 91 сол ҳамроҳи мардуми Тоҷикистон шебу фарози рӯзгорро паймуда, ҳоло  ба  як расонаи муқтадири умумимиллӣ табдил ёфтааст. Ин расона дар тӯли фаъолият барои тарғиби фарҳангу забон, дастовардҳои сиёсиву иқтисодии мамлакат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ нақши умда гузоштааст. Оид ба ин мавзӯъ муҳаққиқи радио ва телевизион, доктори илмҳои филология, профессор, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ Саидмуроди ХОҶАЗОД ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  София ШОИК ибрози назар кард, ки муҳтавои онро манзури хонандагон мегардонем.

-Масъалаи ташкили радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 1928 мавриди баррасӣ қарор гирифта, 19 январ Кумитаи вилоятии болшевикони Тоҷикистон оид ба радио қарор қабул кард. Шӯрои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мувофиқи ин қарор амал намуда, 19 октябри соли 1928 лоиҳаи нақшаи бо радио таъмин намудани ҷумҳуриро тасдиқ кард. Нақшаи панҷсолаи радио дурнамои рушди ин соҳаро муайян мекард. Соли 1930 нахустин истгоҳи пахши барномаҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ ба фаъолият сар кард, ки дар мавҷи мутавассит кор мекард.

Саидмуроди Хоҷазод афзуд, ки 10 апрели соли 1930 дар таърихи радиошунавонии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Зеро нахустин маротиба дар ҳамин рӯз садои радио бо ибораи «Диққат, диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» дар фазои пойтахти Тоҷикистони ҷавон танин андохт. Аввалин корманди радиои ҷумҳурӣ Рӯзӣ  Мӯъминов аз   1 феврали соли 1932 то 21 июли соли 1933 ба ҳайси раиси Кумита ифои вазифа намудааст. Сулаймон Зоҳиров- нахустнаттоқи радио ба забони тоҷикӣ, Қосим Самаров-нахустнаттоқи радио ба забони ӯзбекӣ, Ҳаким Шарифов, Сайдалӣ Бурҳонов,  Қосим Дайламӣ- нахустин кормандони радиои ҷумҳурӣ, Музаффара Рустамова- аввалин наттоқи радио аз миёни бонувони тоҷик, Агрепина Ржевская- аввалин наттоқ, ки барномаҳои радиои ҷумҳуриро ба забони русӣ қироат намудааст, мебошанд. Арон Глуховский ва Алексей Гарамов аз аввалин кормандони эҷодии радиоянд, ки ба забони русӣ бештар барномаҳои сиёсӣ таҳия менамуданд. Михаил Мишин ва Евгений Герасимов нахустин кормандони техникии радиои ҷумҳурӣ буда, Солеҳ Вафоев корҳои молиявию хоҷагии Кумитаро ба уҳда доштааст. Аз рӯи асноди бойгонӣ дар баробари 13 нафари зикршуда саҳми оҳангсоз Мухтор Ашрафӣ низ барои рушди радиои миллӣ назаррас аст.

Мавсуф ҳамзамон иброз кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ташаккули радиои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекард, зеро мардум ба матбуот камтар дастрасӣ доштанд. Радио воситаи мухимтарини тарғиби идеологияи давлату ҳизб ба шумор мерафт. Бино ба иттилои шуъбаи радиои Раёсати алоқаи Тоҷикистон то соли 1934 дар ҷумҳурӣ 24 радиоузели дорои иқтидори умумии 306 ватт ва 2550 нуқтаҳои радио мавҷуд буданд. Алоқаи марказии пойтахт дорои 502 нуқта буд, ҳол он ки имкони хизматрасонӣ ба 3000 нуқтаро дошт. Мувофиқи маълумоти Донишномаи Душанбе  соли 1934 танҳо дар Душанбе 600 нуқтаи радио ба қайд гирифта шуда буд. Бо супориши Раёсати марказии радиошунавонии назди СКХ-и ИҶШС соли 1936 лоиҳаи бунёди маҷмааи радиошунавонии шаҳри Душанбе мураттаб ва бо ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шуд.

16 октябри соли 1949 Идораи барномаҳои бурунмарзии радиои Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон яке аз  нахустин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ буд, ки дар он  Идораи барномаҳои бурунмарзӣ   таъсис ёфт. Солҳои аввал барномаҳо ҳар рӯз ба забони тоҷикӣ (дарӣ) 15 дақиқа ва ба форсӣ 15 дақиқа — ҷамъ ним соат пахш мешуданд. Дар мавзӯъҳои муҳими рӯз шарҳу тафсир, гузоришу мусоҳибаҳо пахш мешуданд. Олимони маъруф Ҳилол Каримов ва Шарифҷон Ҳусейнзода бо ҳайати эҷодии идора робитаи қавӣ дошта, ба ҳайси мушовир самти фаъолияти  кормандонро муайян мекарданд, забону услуби барномаҳоро таҳлил намуда, барои пурмўҳтаво шудани онҳо  маслиҳатҳои судманд медоданд. Шарқшиносони маъруфи шӯравӣ Александр Болдирев, Иосиф Брагинский, Андрей Бертелс, Михаил Занд, Олга Смирнова,  Евгений Примаков ва дигарон низ бо идораи гуфторҳои бурунмарзӣ ҳамкорӣ кардаанд. Бо тақозои замон ҳаҷми барномаҳо афзуда, соли 1958 барномаҳои бахши дарӣ ба як соат ва форсӣ ба ним соат расиданд.

Соли 1948 дар Тоҷикистон маҷмааи радиоӣ ташкил шуд; имкони алоқа бо марказҳои вилоят, шаҳр, ноҳияҳо муҳайё шуд, алоқаи телеграфӣ бо Москва ва қисмати шарқии вилоятҳои ИҶШС, аз ҷумла Новосибирск ва Хабаровск  роҳандозӣ шуд. Соли 1952 дар ҳудуди истгоҳи ирсол иншооти махсус бунёд гардид. Он аз  иморати техникӣ, ки дар паҳлӯи мавҷгири баландияш  125 метр сохта шуд, иборат буд. Дар болои мавҷгир таҷҳизот ва антеннаҳои самтноки гуногун барои таъйини нобудсозии мавҷҳои хориҷӣ ва зарарнок ба идеологияи ИҶШС, барномаҳои зиддишўравӣ, барномаҳои радиоҳои хориҷӣ барои ҷумҳуриҳои шӯравӣ насб гардиданд. Ҳамчунин дар бинои нав 13 фиристандаи навъи КВ бо иқтидори 5 кВт бо комплекси мавҷгирҳо ба кор андохта шуданд. Бо мақсади тарғиби идеологияи шӯравӣ ва тавассути барномаҳо таъсир расонидан ба мафкураи мардуми хориҷӣ, бахусус Шарқ (Ҳиндустон, Покистон, Чин) ва Ғарб (Чехословакия) ва дигар давлатҳои ҷаҳон (Куба) соли 1950 қарори Ҳукумати ИҶШС дар бораи дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ бунёди иншооти калони радиоӣ  ба тасвиб расид. 15 феврали соли 1950 Сарраёсати радиоалоқаи Вазорати алоқаи ИҶШС лоиҳаи бозсозии Маркази радиоии Сталинободро мураттаб кард. Насби системаи нави мавҷгирҳо барои фиристандаи «Иней» имкон дод, ки аз пахши мавҷҳои радиоҳои хориҷӣ пешгирӣ шавад.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, дар замони истиқлол ва давраи гузариш радиои Тоҷикистон чун воситаи муқтадири иттилоотӣ дар бозори расонаии мамлакат нақши пешгом дорад. Солҳои аввали истиқлоли кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Дар ин муддат  радио таҳаввулоту тағйироти зиёдеро аз сар гузаронд. Дигаргуниву таҳаввулот ба радио низ таъсир мерасонд. Барномаҳои наве, ба мисли барномаи сиёсиву адабии «Хоки Ватан» ба вуҷуд омад ва дар тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат, бародариву ба ҳам омадани тоҷикон хидмати шоистае ба субут расонд. Барномаи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то моҳи декабри соли 1996- беш аз 800 маротиба садо дод.  Ҳангоми тадқиқоти бойгонӣ маълум шуд, ки тавассути барномаи мазкур зиёда аз  60  ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба хешу ақрабои худ муроҷиат намудаанд (шояд зиёдтар ҳам бошад),  50 ҳазор нафар аз Афғонистон ба пайвандон ва ҳамдиёрони худ номаву паём фиристодаанд. Бо таъсири ҳамин барнома беш аз 600 ҳазор нафар гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргаштанд.

Дар замони истиқлол баррасии масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба самти муҳимтарини кори радио табдил шуд. Барномаҳои калонҳаҷми «Маҳфили шоҳномахонӣ», «Маснавии Маънавӣ», «Озодазодагон», «Фарзонафарзандони ориёӣ», силсилаи «Хонишҳои адабӣ» аз рӯи асарҳои Б. Ғафуров «Тоҷикон», С.Айнӣ «Ёддоштҳо» ва ашъори ватанхоҳонаи М. Турсунзода «Дар ошёни дилҳо» барои зина ба зина тақвият ёфтани рӯҳияи худшиносии ҷомеа замина мегузоранд. Дар барномаҳои радиои замони истиқлол дар баррасии масоили худшиноиву худогоҳии миллӣ дидгоҳи нав ба мушоҳида мерасад ва  нақши публитсистикаи таърихӣ фаъол гардид.   

1 июни соли 2007 тамоми шабакаҳои радиои Тоҷикистон бо техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз гардиданд, фарогирии минтақаи пахш ба 70% расонида шуд, дар заминаи шабакаҳои «Фурӯғи Ориёно» ва  идораи барномаҳои бурунмарзӣ радиои «Овози тоҷик» ва радиои «Фарҳанг» ба кор сар карданд. Шабакаи аввал имрӯз бо номи Радиои «Тоҷикистон» амал намуда, пурра ҷанбаи миллӣ пайдо кардааст. Соли 2009 шабакаҳои  «Садои Душанбе» ва «Овози тоҷик» ба пахши шабонарӯзӣ гузаштанд. Ҳоло миқдори шабакаҳои радиоии марбут ба Кумита ба чор адад мерасад. Онҳо дар як шабонарӯз бо ҳашт забон дар ҳаҷми 96 соат барнома пахш намуда, афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Дар радиои замони истиқлол тағйироти мавзӯӣ, жанрӣ, сифатӣ ва миқдорӣ ба амал омаданд. Дар даврони истиқлол низоми нави расонаҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Дар баробари шабакаҳои радиои давлатӣ, инчунин шабакаҳои ғайриҳукумативу хусусӣ падидаи замони истиқлол буда, дар мукаммалсозии фазои расонаии мамлакат нақш мебозанд. Ҳадафи асосии аксари онҳо таъмини аудитория бо хабар ва пахши мусиқии муосир аст. Аз лиҳози формат ҳамаи радиоҳои ғайриҳукуматӣ ахбору мусиқӣ, ахбору тиҷоратӣ, мусиқӣ ва ё хабарӣ мебошанд.

Ҳамин тавр, ба хулоса омадан мумкин аст, ки истиқлол марҳилаи наверо дар ташаккули расонаҳои электронии ахбори Тоҷикистон, бавижа радио фароҳам овард. Агар дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ ва ду шабакаи радиоӣ вуҷуд дошт, дар даврони истиқлол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат 7 шабакаи нави телевизионӣ ва 3 шабакаи радиои давлатӣ таъсис дода шуданд. Сол то сол доираи фарогирии мавҷҳои радио ва телевизион фарох карда мешавад.

Ҳамин тавр, Радиои Тоҷикистон дар замони муосир ба дастгоҳи муқтадири иттилоотии мамлакат табдил ёфта, дар он дастаи калони ходимони эҷодиву техникӣ фаъолият доранд, ки ҳамарӯза садҳо барномаҳои гуногунжанру гуногунмуҳтаворо таҳия менамоянд. Барномаҳои шабакаҳои ин расонаи умумимиллӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа- кӯдакону наврасон, ҷавонон, олимон, аҳли адаб ва бознишастагон нигаронида шуда, аудиторияи он миллионҳо нафарро ташкил менамояд. Дар замоне ки ҷангҳои иттилоотиву набардҳои расонаӣ ҷомеаи муосирро такон дода, ВАО тавассути дезинформатсия низоми босуботи баъзе давлатҳоро барҳам мезананд, ҷомеа ба ВАО- и электронӣ, бахусус радио ниёзи бештар пайдо мекунад. Зеро дар шароити Тоҷикистон, ки аксари манотиқи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дастрасии аҳолӣ ба ин расона бештар мебошад. Аз ҷониби дигар, радио ба ҷузъи рӯзгори мардум табдил шудаву ҷомеаи муосирро бе он тасаввур кардан нашояд. Дарвоқеъ, радио ҳамсафару ҳамрози ҷомеа, муниси мардум ва гузашта аз ин расонаи зиндагист.

Апрель 10, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»