АЛЕКСАНДР КНЯЗЕВ: «ИЗҲОРОТИ ТАШИЕВ ИҒВОАНГЕЗ ВА ҒАЙРИ ҚОБИЛИ ҚАБУЛ АСТ». Коршинос изҳороти мансабдори қирғизро бесалоҳиятона хонд

Апрель 1, 2021 20:02

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Изҳороти Ташиев (раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Ташиев – тавз. ред) нисбат ба Ворух асосан иғвоангез аст: пешниҳод кардани он чизе, ки барои тарафи дигар ғайри қобили қабул мебошад, маънои қасдан ба бунбаст бурда расонидани тамоми раванди гуфтушунидро дорад. Ва агар дидаву дониста набошад, пас ин бояд аз нотавонии мутлақ ва надоштани қобилияти воқеъбинона баҳо додан ба ҳодисаҳо шаҳодат диҳад», — гуфт сиёсатшинос ва коршинос оид ба Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Александр Князев имрӯз ба «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ӯ, хомӯшии ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳолат, «нармтар карда гӯем, нисбат ба бархӯрди ғайрисозандаи ҷониби Қирғизистон асоснок ба назар мерасад: чӣ ҳоҷат аст, ки мушкилоти амалан ҳалнашаванда боз ҳам шадидтар карда шаванд, нашояд, ки ҷанг эълон шавад».

«Аммо ин изҳорот, аз рӯи мушоҳидаҳои ман, новобаста аз мавқеи расмии Душанбе мундариҷаи миллатгароии зидди қирғизро дар байни тоҷикон босуръат ва бисёр сахт шадид кард. Фикр мекунам, ки вокуниши дахлдор аз ҷониби Қирғизистон дер давом нахоҳад кард, яъне ин маънои онро дорад, ки дараҷаи умумии иқтидори низоъ зиёд мешавад», — чунин мешуморад коршинос.

Князев мегӯяд, ки на ҷониби Қирғизистон ва на ҷониби Тоҷикистон ба ҳалли ин мушкилот омода нестанд, зеро ҷамъшавии зиддият дар сатҳҳои гуногун аз қадимулайём — аз шахсияти маъмулӣ то байнидавлатӣ идома дорад.

«Ягона роҳи ҳалли чунин мушкилоти марзӣ-ҳудудӣ табодули ҳамоҳангшудаи минтақаҳои баҳсии ба ҳам баробар мебошад. Роҳи дигар вуҷуд надорад, аммо ҳоло он ҳам ба назар номумкин аст, алалхусус бо назардошти рафтори на ҳама вақт муносиби мансабдорон. Ҳарду ҷониб барои мубодилаи мутамаддин бо таъмини ҷуброни зарурӣ ба аҳолӣ захира надоранд ва ин ҳатман муноқишаҳои нав ба вуҷуд меорад, ки дар ҳарду ҳолат ҳам хусусияти иҷтимоӣ доранд, аммо яқинан бо истифода аз тасвири гунаҳгор шарҳ дода мешаванд», — гуфт Князев.

Ба гуфтаи ӯ, тахмин кардан осон аст, ки дар байни аҳолии қирғиз кӣ гунаҳгор эътироф шуда, миёни аҳолии тоҷик кӣ гунаҳгор шинохта мешавад.

«Кори заҳматталаб ва тадриҷӣ зарур буда, барои иваз кардани қитъаҳои замин ҳадди ақалл як тимсоли мусбат лозим аст, ки баъдан метавон ба он такя кард ва бори дигар таъкид менамоям, ки ин кори ягонаи имконпазири мушкилро бояд идома дод», — хулоса кард Александр Князев.

Аммо, ҷомеаи Тоҷикистон аз ин изҳорот ба ташвиш афтод: корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ флешмоби «Ворух иваз нахоҳад шуд»-ро оғоз карданд ва эълом доштанд, ки омодаанд бо ҳар роҳ аз заминҳои худ дифоъ кунанд. Дар ин мавзӯъ коршиносон ва рӯзноманигорон, ходимони фарҳанг ва собиқ мансабдорон низ сухан гуфтанд.

Аз ҷумла, собиқ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи шахсияти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта гузашта, изҳороти ӯро комилан ҳазён хонд.

Апрель 1, 2021 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд