Ширин Қурбонова: Асри муосир бе дастовардҳои илму техника тасаввурнопазир аст
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 14 апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Илмпешагон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ширин Қурбонова оид ба рушди илм ва дастоварҳои олимони тоҷик суҳбат намуд.
Ширин Қурбонова иброз намуд, ки «олимони тоҷик дастовардҳои илмиро муаррифӣ намуда, авзоро тавре баррасӣ мекунанд, ки илм наҷотбахши соҳаҳои гуногун бошад. Аммо мушоҳидаҳо исбот мекунанд, ки ҷомеаи мо ҳанӯз дар омӯзиш ва пажӯҳиши фанҳои табиӣ комёб нест. Бинобар ин, аввал ва пеш аз ҳама, суоли зайл пайдо хоҳад шуд, ки чӣ гуна метавон бартарии илмҳои ҷомеашиносиро аз улуми табиатшиносӣ ва дақиқ бартараф намуд”.
«Асри муосирро бе дастовардҳои илму техника тасаввурнопазир баррасӣ мекунем, чунки ҳама гуна рушду тараққӣ аз тафаккури техникӣ ва илмҳои дақиқ мебошад. Ҷомеаи Тоҷикистон дар замони истиқлол бештар ба омӯзиши илмҳои ҷомеашиносӣ рӯ оварда, фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҷиҳати фаро гирифтан ба омӯзиш то андозае аз мадди назар дур монданд. Бинобар ин, зарурати эълон намудани солҳои 2020 – 2040 чун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар 18 марти соли 2020 таъкид намуданд, ки минбаъд ба неруи зеҳнӣ аҳамияти беш аз пеш пайдо мешавад: «Асри ХХ1 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин, мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад»»,- афзуд Ширин Қурбонова.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, асри ХХI асри илму техника ва иттилоот эътироф шуда, аз ҳар фард тақозои ҳамқадами замон буданро талаб менамояд. Албатта, бидуни донишҳои техникӣ ва табиӣ рушди дигар илмҳо имконнопазир аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид намуданд, ки дар замони мо бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ ба пешрафт ноил шудан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва дигар вазорату кумитаҳои давлатиро лозим аст, ки барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шароити мусоид фароҳам оварда, наврасону ҷавононро ба омӯзиши васеи ин илмҳо роҳнамоӣ кунанд.
Яке аз василаҳои рушди босуръати соҳаҳои ҷомеа, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ ва дар амал татбиқ намудани донишҳои илмии ҳосилшуда мебошад. Олимону зиёиёни тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ ба таҳқиқу арзёбии масъалаҳои мухталиф машғул гардида, таъриху фарҳанг, забон, расму оин ва дигар арзишҳои миллиро, ки ба худшиносиву худогоҳии ҳар фарди комил замина мегузорад, баррасӣ намуда истодаанд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, вусъати тафаккури техникӣ солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардида, аз ҷониби зиёиён ва мардуми ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намудааст. Дар асоси ин пешниҳод аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту сохторҳои масъул нақшаи чорабиниҳо таҳияву қабул гардида, дар ин самт тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд. Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъсиси ҷоизаи махсуси давлатиро барои олимону муҳаққиқоне, ки ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ доранд, баён намуда, пешниҳод доштанд, ки ҳамасола то 15 нафар барои кашфиёту натиҷаҳои баланди илмӣ бо он қадршиносӣ карда шаванд.
Ба зикри Пешвои миллат, омӯзиш ва таҳлили равияҳои афзалиятноки илм дар Тоҷикистон ва муқоисаи онҳо бо кишварҳои дигар собит месозад, ки ин самт ба бознигарӣ ниёз дорад ва камбудиҳои ҷойдошта бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд,- афзуд мавсуф.
Ба андешаи Ширин Қурбонова, айни замон кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таблиғи ғояҳои асосии фарҳангу адабиёти ба оламиён муаррифишудаи миллиамон саҳм гузошта, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои ташвиқи ормонҳои миллӣ ба гӯшаҳои дурдасти мамлакат сафарҳо мекунанд.
Илм тавассути истеҳсолот муфид мебошад ва пайваст будани онҳо рушди кишварро таъмин менамояд. Чунонки Президенти мамлакат 18 марти соли 2020 таъкид намуда буданд: «Татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ҷорӣ кардани таҷрибаҳои инноватсионӣ дар корхонаву ширкатҳои саноативу истеҳсолӣ муҳаррики асосии рушди илм мебошад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки баъзе таҳқиқоти илмии олимони ихтироъкор, магистру аспирантҳо ва докторантҳо дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор иҷро ва дар истеҳсолот амалӣ карда шаванд. Ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ ба таҳкими робитаи илму истеҳсолот мусоидат карда, натиҷаҳои хуб ба бор меоварад. Дар кишвар олимоне, ки соҳиби патент мебошанд, хеле зиёданд. Аммо онҳо танҳо рақамгузорӣ шуда, истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои саноатӣ аз онҳо огоҳӣ надоранд ва ҷиҳати татбиқашон тадбире андешида намешавад».
Аз ин рӯ, олимони моро зарур аст, ки дар ин самт гомҳои устувор ниҳода, ба пажӯҳиши бештар машғул шаванд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»