Шоҳроҳи Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон гулистон мешавад
ТУРСУНЗОДА, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон гулҳои садбарг, мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд. Ҳар як минтақа ба масъулин вогузор гардида, барои рушду нумуи ин гулҳо ва ба гулистон табдил додани ин қисмати шоҳроҳ ҳамарӯза назорати доимӣ бурда мешавад.
Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода дар баробари бунёди иншооти ҷашнӣ инчунин бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати хуррам ва назаррабо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.
Ҳоло дар минтақаҳои гулкории шоҳроҳ, ки онро асосан гулҳои садбарг ороиш медиҳанд, корҳои нармкунии бехи ниҳолҳо ва қаламчаи гули садбарг ҷараён гирифта, минтақаҳои камоб барои сабзиш ва авҷи гулҳо обёрӣ гардида истодаанд.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов иброз дошт, ки “шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии мамлакат ба ҳисоб рафта, шаҳроҳи байналмилалӣ давлати моро тавассути Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дигар давлатҳо мепайвандад. Ҳар меҳмоне, ки аз сарҳад гузашта, вориди шаҳри Турсунзода шуд, таассуроти аввалини худро доир ба Тоҷикистон пайдо менамояд. Аз ин лиҳоз, шоҳроҳ инъикосгари ободии шаҳр ва ободии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Вазифа ва масъулияти ҳар сокини шаҳр аст, ки давлати мо ҳамеша тозаву озода ва намуна бошад, зеро он дарвозаи кишвар аст”.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






