Шурӯъ аз имрӯз парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия оғоз меёбанд
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 апрел Россия парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо шаш кишвари ҷаҳон-Тоҷикистон, Германия, Венесуэла, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка оғоз намуда, инчунин парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Куба, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб афзоиш медиҳад. Парвозҳои мунтазами ҳавоӣ аз 13 фурудгоҳи Россия сурат мегиранд, хабар медиҳад ТАСС.
Дар самти Москва –Душанбе –Москва ширкати ҳавопаймоии Россия «UTair» 2 апрел ва дар масири Душанбе –Москва –Душанбе ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon Air» 6 апрел парвоз анҷом медиҳанд, гуфта буд қаблан дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.
И. Субҳонзода афзуд, ки ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе –Москва-Душанбе, ки дар як ҳафта якпарвозӣ анҷом дода мешавад, оғози парвозҳои мунтазами ҳавоӣ буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемикӣ барои афзоиш додани парвозҳои мунтазам бо дар назардошти қабули қарори марбута аз ҳар ду ҷониб тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бо иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил гардидааст. Ин барои барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ, ки бар асари хуруҷи бемории сироятии COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷаласаи корӣ, ки чанде пеш дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардида буд, аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост карда шуд, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймоӣ роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд. Дар шароити имрӯза мо бояд шароити шаҳрвандони кишварамонро ба инобат гирем. Ҳамзамон аз ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дархост шуд, ки хизматрасонӣ ба мусофиронро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати бозхонд намудани кормандон аз рухсатии меҳнатии бемузд тадбирҳои зарурӣ андешад.
Тибқи талабот, мусофирони интиқолшаванда бояд маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 дошта бошанд ва муҳлати он набояд аз 72 соат зиёд бошад. Мусофироне, ки маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 надоранд, барои интиқол роҳ дода намешаванд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






