Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Беморхонаи марказии Исфара аз ҳоли ҷароҳатбардоштагон хабар гирифт
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақти 30 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Беморхонаи марказии Исфара боздид карда, аз ҳоли захмиёни даргириҳои рӯзи гузашта хабар гирифт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилоят зимни аёдат таъкид кард, ки бо супориши махсуси Президенти мамлакат барои барқарорсозии саломатии ҷароҳатёфтагон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят сафарбар гардида, вазъи беморон таҳти назорати ҷиддии масъулон қарор дорад.
Барои табобати пурраи беморон тамоми дорувории зарурӣ дастрас гардида, ҷароҳатёфтагон бо хӯроки гарму дигар лавозимот таъмин карда шудаанд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






